Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нозири тоҷик интихоботи Беларусро назорат хоҳанд кард


Ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Беларусро рӯзи 19 декабр 3 нозир аз Тоҷикистон назорат хоҳанд кард. Хабаргузории “Азия Плюс” мегӯяд, ба ин манзур раҳбари дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон Муҳибуллоҳ Додоҷонов, сафири ин кишвар дар Минск Қозидавлат Қоимдодов ва як вакили парлумони Тоҷикистон, ки ба ҳайъати нозирони маҷмаъи байнипарлумонии кишварҳои муштаракулманофеъ шомил хоҳад шуд, интихоб шудаанд.
Барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус, 10 номзад, бо шумули президенти феълиаш Аляксандр Лукашенка сабтином шудаанд. Натоиҷи як назарсанҷии ахир ҳокист, ки 44 фоизи мардум аз интихоби дигарбораи Лукашенка ҳимоят мекунанд. Ҳарчанд чунин фоизи пуштибонӣ кофӣ нест, ки ӯ алакай дар даври аввал баранда шавад, вале мизони ҳимоят аз соъири номзадҳо дар маҷмӯъ зери 27 дарсад будааст.
XS
SM
MD
LG