Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Форум 18" дар бораи таъқиби ҲНИ ва "Шоҳидони Яҳво"


Хабаргузории мазҳабии “Форум 18” мегӯяд, дар Тоҷикистон ба талошҳо барои манъи фаъолияти созмони масеҳии “Шоҳидони Яҳво” ва манъи намозгузорӣ дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ), танҳо ҳизби мазҳабии сабтиномшуда дар Осиёи Марказиро идома медиҳанд. Ба навиштаи “Форум 18”, мақомот ба аъзои ҲНИ ҷиҳати манъи адои намоз дар ин сохтмон дастур дода, узви ҳизб Зубайдуллоҳ Розиқовро барои имоматӣ ҷарима бастаанд. Болои ин ҳама, масҷиди занона дар қароргоҳи ҳизб ахиран ба коми оташ рафт.
“Форум 18” менависад, ҳамин тавр, пайравони “Шоҳидони Яҳво” дар интизори анҷоми додгоҳи ин гурӯҳи масеҳӣ дар Хуҷанд дар ҳоли тарсу норӯшанӣ ба сар бурда, имкони ибодати озодонаро надоранд ва онҳоро ба далели эътиқоди мазҳабиашон аз ҷойи кор меронанд.
XS
SM
MD
LG