Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Амрико баъди соли 2014 ҳам дар Афғонистон мемонанд?


Вазорати дифоъи Амрико дирӯз гуфт, таҳвили масъулияти таъмини амният ба нерӯҳои Афғонистон то соли 2014 на як зарбулаҷал, балки як ҳадаф аст. Ҷеф Моррел, сухангӯи Пентагон гуфт, шояд нерӯҳои Афғонистон то охири соли 2014 омодаи назорат бар тамоми қаламрави кишвар нашаванд. Ӯ афзуд, эҳтимолан баъди он ҳам баъзе аз нерӯҳои Амрико барои таҳкими нерӯҳои маҳаллӣ дар Афғонистон бимонанд. Қарор аст, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони кишварҳои узви НАТО, ҳамин ҳафта ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро пешниҳод кунанд.
XS
SM
MD
LG