Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории 6 кишвар аз ширкат дар маросими Ҷоизаи Нобел


Шаш кишвар аз ширкат дар расми тақдими Ҷоизаи сулҳи Нобел ба дигарандеши маҳбуси чиноӣ, Лю Ксябао даст кашиданд. Кумитаи Нобели Норвегия мегӯяд, Русия, Қазоқистон, Куба, Марокаш, Ироқ ва Чин даъватномаҳои ширкат дар маросимро бозпас фиристодаанд. Дабири кумита, Гейр Лундестад, гуфт, 16 кишвари дигар ҳанӯз посухи ниҳоӣ надодаанд. Вай афзуд, Чин ба таври бесобиқа ба кишварҳо фишор меорад, то дар ин маҳфил ширкат накунанд. Пештар, кумита гуфт, бо вуҷуди он ки ҳеҷ кас барои қабули ҷоиза аз Лю намояндагӣ нахоҳад кард, маросим баргузор хоҳад гашт, аммо нишону диплом ва 1 миллиону 400 доллар ба касе супурда нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG