Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Бут худро бегуноҳ медонад


Виктор Бут, тоҷири силоҳи Русия, дар ҳузури як додраси амрикоӣ худро бегуноҳ хонд, вале бо амри додрас дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Афсари собиқи нерӯҳои ҳавоии Русия, ки ба терроризм ва қочоқи силоҳ муттаҳам мешавад, рӯзи чаҳоршанбе аз Таиланд ба Амрико истирдод шуд. Амрико Виктор Бутро муттаҳам мекунад, ки сар аз солҳои 90 ба фурӯши ғайриқонунии силоҳ ба режимҳои диктаторӣ ва гурӯҳҳои террористӣ дар Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Ховари Миёна машғул будааст. Дар сурати исботи ин иттиҳомот ӯро дар Амрико ҳабси абад интизор аст. Давлати Русия истирдоди Виктор Бут ба Амрикоро ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст.
XS
SM
MD
LG