Олег Кашин-рӯзноманигори рус, ки тақрибан то дами марг мавриди лату кӯби афроди номаълум қарор гирифта буд, ба ҳуш омадаст ва бори аввал ба суолҳои бозрасон ҷавоб медиҳад. Бозрасон имрӯз ба хабаргузории Интерфакс гуфтаанд, Олег Кашин изҳор доштааст, ки ҳамла ба вай ба гузоришаш дар бораи ҷангали Химки воқеъ дар шимоли Маскав иртибот доштааст. Бояд ин ҷангал хароб ва аз дохили он роҳи автомобилрав сохта шавад, вале мардум розӣ нестанд. Кашин 30 сол дорад ва барои рӯзномаи "Комерсант" кор мекунад.