Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди қонуни аксиз аз телефонҳои мобилӣ ба порлумон


Тарҳи Қонуни Тоҷикистон дар бораи ситонидани молиёти аксизӣ аз хадамоти телефони мобилӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар сурати тасвиби ин қонун андози изофагии 3 фоизӣ аз истифодаи телефони мобил ҷорӣ хоҳад шуд.

«Азия плюс» аз қавли манобеъи худ дар вазорати молия навиштааст, ки тарҳи мазкур аз сӯи ҳукумат баррасӣ ва пазируфта дониста шудааст. Ва қарор аст, то поёни моҳи ноябр Мақлиси намояндагон тарҳи ин қонунро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Агар ин қонун аз ҷониби порлумон қабул шавад ва ба имзои раиси ҷумҳур бирасад, дар асоси он ба Кодекси андоз тағйироте ворид хоҳад шуд, ки тибқи он тағйирот хадамоти телефони мобилӣ ба феҳрасти молҳои зиёноваре, ки аз тавлид ва фурӯши онҳо андози аксизӣ пардохт мешавад, назири нӯшобаҳои алкоголӣ ва тамоку, ворид хоҳад шуд.

Ба феҳрасти молҳое, ки аз онҳо андози аксизӣ ситонида мешавад, ба ҷуз аз спирт ва тамоку, маводи сӯхт, навъҳои мухталифи мошинҳои мусофирбарӣ, инчунин тиловорӣ ва нуқураворӣ дохил мешаванд. Агар порлумон тарҳи пешниҳодии Қонуни андозбандии хадамоти телефони мобилиро қабул кунад, сар аз соли нав, хадамоти телефони мобилӣ низ ба ин рӯйхат афзуда хоҳад шуд.

Таърихчаи андози аксизӣ аз телефон дар Тоҷикистон

Дар се сол пеш, яъне соли 2007 низ тарҳи чунин қонуне барои ҷорӣ кардани андози аксизӣ аз истифодаи телефони мобилӣ аз сӯи ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ таҳия ва тасдиқ шуд ва қарор буд, ба баррасии порлумон пешниҳод шавад. Он тарҳи қонун ҷорӣ кардани андози 2 фоизӣ аз истифодаи телефони мобилиро пешбинӣ мекард. Вале таҳти фишори ниҳодҳои молии байналмилаӣ ва кишварҳои ғарбӣ, инчунин саромоягузорон ва ҳамкорони ғарбии ширкатҳои мобилӣ ҳукумат аз пешниҳоди он тарҳ ба порлумон даст кашид.

Акнун мақомот гуфтаанд, ки назар ба ҳар кишвари дигар дар Тоҷикистон андози аз ширкатҳои мобилӣ камтар аст.

Вале дубора матраҳ шудани ин масъала ба он рабт дорад, ки ахиран раиси ҷумҳур бар афзоиш ва оидоти ҳангуфти ширкатҳои телефонии ҳамроҳ таъкид кард ва зиёни телефони ҳамроҳ ба вазъи иҷтимоӣ ва саломатиро матраҳ намуд.

Пас аз он шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба мавзӯъи зарари телефон пардохтанд.

Ҷорӣ кардани андоз ба суд ва зиёни кӣ хоҳад буд?

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд: "Андози аксизӣ ё молиёти аксизӣ аз анвои колоҳое ситонида мешавад, ки муҳитро олуда месозанд. Барои мисол бензин, солярка, мазут, нӯшиданиҳои спиртӣ, сигарет ва ғайра, ки ситонидани молиёти аксизи барои коҳиши масрафи он аз сӯи мардум аст. Ситодани молиёти аксизӣ аз телефон дар дигар кишварҳо роиҷ набуда, ҳеҷ кишвари дунё ҳоло барои истифода аз телефони ҳамроҳ молиёти аксизӣ ҷорӣ накардааст».

Ба гуфтаи коршиносон молиёти 3 дарсадаи аксизӣ аз телефонҳои ҳамроҳ танҳо ба зарари муштариён аст, на ба зиёни ширкатҳои мобилӣ.

Коршиносон мегӯянд, ин иқдоми давлат, дар сурати амалӣ шудан, ба нафъи худи давлат низ нахоҳад буд, зеро дар сурати ҷорӣ шудани молиёти изофӣ қимати гуфтугӯҳои телефонӣ боло меравад. Он гоҳ ҳам гуфтугӯҳо ва ҳам теъдоди муштариёни телефонҳои мобилӣ метавонад коҳиш ёбад.

Масъалаи дигар ҳам ин аст, ки садҳо ҳазор муштарӣ, ки муҳоҷирони меҳнатианд, маблағи гуфтугӯи худро аз ҳисоби пули ба даст оварда дар хориҷи кишвар пардохт мекунанд, на дар дохили ҷумҳурӣ.

Бинобар ин, масъалаи ҷорӣ кардани андози аксизӣ аз телефонҳои мобилӣ ба баҳси гамре дар чанд рӯзи оянда табдил хоҳад шуд. Он ҳам дар ҳоле, ки масъулини ширкатҳои мобилӣ мегӯянд ҳеҷ кишваре то кунун андози аксизӣ аз телефони мобилиро таҷриба накардааст. Ва агар Тоҷикистон чунин иқдомеро амалӣ кунад, аввалин кишвар дар дунё хоҳад буд.

Тибқи омори расмӣ ҳудуди 80 дарсади сокинони Тоҷикистон аз хадамоти телефони мобилӣ истифода мекунанд. Ширкатҳои мобилӣ даъво доранд, ки тақрибан баробари нуфуси Тоҷикистон шумораи симкорт ба фурӯш расонидаанд.
XS
SM
MD
LG