Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши ҳадди аққал дар Арманистонро боло бурданд


Порлумони Арманистон қарори ҳукумат барои афзоиши маоши ҳадди аққалро тасвиб кард. Сар аз моҳи январ камтарин музди кор дар Арманистон на 30 ҳазор драм, балки 32 ҳазору 500 драм, баробар ба 90 доллари амрикоӣ хоҳад буд. Аммо аҳзоби мухолифи Арманистон, афзоиши мазкурро ночиз хондаанд, зеро ба гуфтаи онҳо ин маблағ аз арзиши сабади истеъмолӣ дар Арманистон камтар аст, ки он 41 ҳазору 500 драмро ташкил медиҳад. Маоши миёнаи арманиҳо тақрибан 295 доллар аст.
XS
SM
MD
LG