Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 пайкорҷӯ дар Вазиристони Покистон


Мақомоти иктишофии Покистон мегӯянд, дар натиҷаи зарбаи эҳтимолии мушакии Амрико ба як мавзеъ дар наздикии марзи Афғонистон 15 гумонбаршудаи терроризм кушта шудаанд. Бино бар хабарҳо, чаҳор мушак ба як ҳавлӣ ва мошин дар деҳаи Бангӣ Дари Вазиристони Шимолӣ мунфаҷир шудаанд. Ин минтақа яке аз марказҳои Толибон ва ситезаҷӯёни хориҷӣ шумурда мешавад. Он ҳамчунин манбаи ҳамла ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG