Як мақоми расмии вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, кишвараш умедвор аст, ки ширкатҳои амрикоӣ дар бунёди як нерӯгоҳи нави барқи атомӣ дар Арманистон ширкат хоҳанд кард. Даниел Розенблум, ки ҳамоҳангсози кӯмакҳои Амрико барои кишварҳои коммунистии собиқ аст, гуфт ин масъала рӯзи 15 ноябр дар нишасти кумиссиёни иқтисодии Амрикову Арманистон дар шаҳри Ереван баррасӣ шудааст. Ҳукумати Арманистон мехоҳад, нерӯгоҳи барқи атомии Метсамори мероси замони шӯравиро ғайриқобили истифода карда ва ба ҷойи он нерӯгоҳи наве бисозад. Нерӯгоҳи Метсамор 40 дар сади нерӯи барқи Арманистонро ҳосил мекунад, вале бояд то соли 2017 мӯҳлати истифодаи он ба поён расад. Арзиши нерӯгоҳи барқи атомии нави Арманистон 5 миллиард доллар баровард шудааст.