Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии узви Ҳизби наҳзати исломӣ аз зиндон


Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар чанд моҳи ахир бо иттиҳоми нақзи қонуни интихобот дар зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешуд, ба озодӣ расид.

Бо тасдиқи ин хабар Усмон Маҷидов, раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Вахш, ба радиои Озодӣ гуфт, феълан вазъи сиҳҳатии Бурҳонов, ки мубтало ба бемории сил мебошад, мӯътадил арзёбӣ шуда, вай ҳоло дар манзили зисташ таҳти назорати пизишкон қарор дорад.

Моҳи июни соли равон додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро барои раъй додан аз номи аъзои хонаводааш ва нақзи қонуни интихобот дар интихоботи парлумонии моҳи феврал гунаҳгор дониста, ӯро ба муддати як сол зиндонӣ карда буд.

Аммо Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии ҲНИТ, мегӯяд: "Гуноҳи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов танҳо дар он аст, ки вай дар пайи шумориши оро дар интихоботи вакилони парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии соли 2010, баъди пирӯзии намояндаи ҲНИТ ба маҷлиси ноҳиявӣ, бо садои баланд хушнудии худро изҳор кардааст”.

Иттиҳоми нозири ҲНИТ дар интихобот

Аммо Анвар Қурбонов, додраси мурофиаи додгоҳии Бурҳонов дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки Муҳамадрӯзӣ Бурҳонов бар асоси ду банди кодекси ҷиноятӣ, яъне - монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи раъйдиҳӣ ва фаъолияти комиссияи интихоботӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ё ҳисоби нодурусти овоз муттаҳам дониста шудааст.

Ҷаноби Қурбонов афзуд: «Бурҳонов ба ҷойи аъзои оилааш баргаҳои раъйро имзо карда, овоз додааст, инро вай ҳамчун узви комиссияи интихоботӣ, ҳамчун шахси мансабдор кардааст. Дуввум, ошкор гардид, ки Бурҳонов бюллетенҳоро пеш аз додан ба дасти интихобкунандаҳо, онро ба фоидаи номзади ҲНИТ хат зада, баъд ба дасти интихобкунандаҳо додааст. Ҳамин тавр, тасдиқ шуд, ки 6 адад бюллетен қалбакӣ пур шудааст аз тарафи ӯ. Ба ин восита Бурҳонов дар овоздиҳии пинҳонӣ мудохила карда, қонуншиканӣ кардааст».

ҲНИТ: Парвандаи Бурҳонов сиёсист

Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов 28-уми феврал, дар рӯзи интихоботи вакилони порлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ, узви қитъаи раъйдиҳии рақами 22-и ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш будааст, ҳамон қитъае, ки дар он номзади Ҳизби наҳзати исломӣ бар рақибони худ аз Ҳизби халқии демократӣ дастболо шуда, вакили маҷлиси ноҳиявӣ интихоб гардидааст.

Аммо Абдураҳмон Тӯраев, вакили мудофеъи ҳуқуқи Бурҳонов, гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ танҳо бо иҷозаи раиси комиссияи интихоботӣ баргаҳои раъйро ба ҷойи се узви оилааш, ки он замон бемор будаанд, хонапурӣ карда, вориди сандуқи раъй намудааст. Адвокат Тӯраев чанд дафъа аз вазъи сиҳҳатии нафари таҳти ҳимояташ дар маҳбаси муваққатӣ ва пасон, дар зиндон, изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки аз бемории сил бисёр азият мекашад ва мебояд зери назорати доимии пизикон қарор бигирад.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов ва ҳукми додгоҳро нисбат ба ӯ сиёсӣ унвон карда, гуфтаанд, ки ин қазия фармоишӣ будааст.

Ва аммо худи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов аз шаҳри ин қазия худдорӣ карда, мегӯяд, намехоҳад қиссаи зиндонӣ шуданашро ба ёд биёрад.

Раҳоии шартии маҳбуси бемор

Усмон Маҷидов, раиси созмони ҲНИТ дар ноҳияи Вахш, мегӯяд, аз сабаби истифодаи зиёда аз меъёри антибиотикҳо, ҳоло шунавоии Бурҳонов начандон хуб ва баданаш лоғар шуда, тавони сӯҳбат бо расонаҳоро надорад.

Вай афзуд: “мақомот бо назардошти гирифтории Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов ба бемории сил, ӯро дар пешорӯи фасли сармо шартан аз зиндон раҳо кардаанд. Зеро бемории сил дар шароити ҳуҷраҳои сарди зиндон метавонад хуруҷ карда, дар сурати адами назорати пизишкон пайомади нохуш дошта бошад”.

То замони ба итмом расидани мӯҳлати ҷазои Бурҳонов, вай муваззаф шудааст, ҳар моҳ аз қайди мақомоти милисаи маҳаллӣ гузашта, мавзеъи иқомат ва будубошашро бидуни воқифсозии мақомот иваз накунад. Вай ҳамчунин аз ҳаққи узвият дар камиссиюнҳои интихоботӣ то панҷ соли оянда маҳрум шудааст.

Нахустин парвандаи "интихоботӣ"

Парвандаи Бурҳонов шояд якумин ва ягона парвандаи ҷиноятӣ дар чанд соли ахир аст, ки ба интихоботи парлумонӣ рабт дошта, як масъули комиссияи интихоботӣ равонаи зиндон мешавад. Ва он ҳам намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби мухолифи ҳукумати кишвар.

Пас аз баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон танҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ду узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки яке узви қитъаи раъйдиҳӣ ва дигаре номзад ба вакилии мардумӣ буд, мавриди таъқиби мақомоти қудратӣ қарор гирифта буданд.

Дар натиҷа яке номзадии худро фаро хонда, дуввумӣ барои як сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Як парвандаи дигари ҷиноятӣ, ки дар пайи интихоботи парлумонии соли 2010 дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ шудааст, ба узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сайвалӣ Нуров рабт дорад. Ба иддаои додситонӣ, номзад ба вакилии парлумон Сайвалӣ Нуров дар рӯзи баргузории интихобот раиси яке аз қитъаҳои раъйдиҳии ноҳияи Вахшро мавриди латукӯб қарор додааст. Ин иддаоро худи Сайвалӣ Нуров рад мекунад.

Феълан додгоҳи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон парвандаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG