Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вогузории ташхиси Роғун ба ширкатҳои аврупоӣ


Ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи неругоҳи Роғун ба консорсиуми байналмилалии иборат аз 3 ширкати аврупоӣ вогузор шудааст. Ин консорсиум таҳти раҳбарии ширкати фаронсавии Coyne et Bellier Consulting Engineers, аз ширкати итолиёвии Electroconsult ва ширкати бритониёии IPA Energy Water Consulting иборат аст.

Масъулини ширкати бритониёии IPA Energy Water Consulting мегӯянд, ҳоло мӯҳлати шурӯи корҳои арзёбии тарҳи нирӯгоҳи Роғун мушаххас нест, вале дар фурсати хеле кӯтоҳ ин корҳо оғоз хоҳанд шуд.

Никил Венкатесваран, мудир ва мушовири IPA Energy + Water Consulting, гуфт: “Иҷрои корҳо ду марҳиларо талаб мекунад: аввалӣ шаш моҳ тӯл мекашад ва баъдан, вобаста ба натиҷаҳои ҳосилшуда, эҳтимолан дар давоми як соли дигар марҳилаи дуюми корҳои арзёбӣ шурӯъ хоҳад шуд. Аммо ҳоло мутахассисони мо дар Тоҷикистон нестанд, онҳо бояд барои шурӯи корҳо ба он ҷо сафар кунанд. Марҳилаи аввали корҳо ба арзёбии агрегатҳои тарҳи нирӯгоҳи Роғун бахшида мешавад. Сохтмони ин нирӯгоҳ дар гузаштаи дур шурӯъ шуда буд ва аз он замон то имрӯз фурсати зиёд гузаштааст. Аз ҳамин хотир ҳам, марҳилаи аввал ба арзёбии имкониятҳои мухталифи агрегатҳои ин нирӯгоҳ бахшида мешавад. Ин ҷо баҳогузориҳои иқтисодиву фаннии тарҳ анҷом хоҳад шуд”.

Ба гутфаи ҷаноби Венкатесваран, бо натиҷаҳои ин пажӯҳиш нахуст ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ шинос хоҳанд шуд. Бар тибқи хулосаи онҳо, баъдан имконияти беҳтарини иҷрои ин тарҳ мушаххас хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ҳар як ширкати узви консорсиуми арзёбии Роғун дар алоҳидагӣ кори худро ба роҳ мемонад:

“Мо, аъзои консорсиуми Coyne et Bellier дар ниҳоят арзёбиҳои худро дар нисбати ҳаҷму хароҷоти ин тарҳ ба таври инфиродӣ пешниҳод мекунем. Баъдан мутахассисони соҳаи муҳандисии ин консорсиум баҳои худро ба масъалаи фаннии бунёди обанбор медиҳанд. Инчунин масъалаи интиқоли барқро ҳам месанҷем. Хулоса, паҳлӯҳои мухталифи ин тарҳ арзёбӣ мешавад, ки дар маҷмӯъ аз ҷониби се ширкат анҷом хоҳанд шуд”.

Арзёбии тамоми ҷанбаҳои сохтмони Роғун

Аз миёни ширкатҳои барандаи тендери арзёбии тарҳи Роғун Electroconsult, воқеъ дар Милан, таҳлилҳои муҳандисии кори ин нирӯгоҳро анҷом дода, IPA Energy + Water Consulting бо арзёбиҳои иқтисодиву фаннии ин тарҳ машғул хоҳад шуд. Coyne et Bellier Consulting Engineers дар навбати худ ба зербиноҳову ҳаҷм, дарозумрӣ ва хатарҳои маконҳои сохтмонӣ баҳогузорӣ мекунад.

Никил Венкатесваран гуфт, ҳарчанд дар бораи қимати ин корҳо ва пуле, ки Бонки ҷаҳонӣ ба ин консорсиум барои арзёбӣ медиҳад, иттилое надорад, аммо мегӯяд, мутахассисони онҳо дар гузашта таҷрибаи анҷоми ингуна корҳоро дар қаламрави Осиёи Марказиву Ҷанубӣ доштаанд.

Дар робита ба баҳсҳои сиёсии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар сари бунёди нирӯгоҳи Роғун ҷаноби Венкатесваран гуфт, яке аз заруратҳои роҳандозии чунин арзёбиҳо ҳам аз ҳамин баҳс маншаъ мегирад.

Ӯ афзуд: “Мо ба айнан ҳамин масъалаҳои мавриди нигаронӣ назар хоҳем кард. Аз ҷумла мебинем, ки оё ин тарҳ ба ҷараёни об дар манотиқи поёноб чӣ таъсире хоҳад гузошт. Аз ҷониби худ бояд бигӯям, ки ҳеҷ шак ё нигароние дар нисбати эътибори кори мо набояд вуҷуд дошта бошад. Мо бо фикру ақидаи бозу мустақил ва бидуни ҳеҷ амр ё фикри боршуда кори худро анҷом хоҳем дод. Баъди мо бояд ҳатман баҳогузории экологии ин тарҳ сурат бигирад. Ва онҳо ҳам ҳамчунин назари худро ба масъалаи таъсири ин тарҳ ба поёноб мегӯянд ва шояд ҳам ин ҷо назари онҳо дигар хоҳад буд. Ин чиз ҳам аҳамият хоҳад дошт”.

Музоядаи такрории ташхиси зистмуҳитии Роғун

Рӯзи душанбе хабаргузории Азия-Плюс аз қавли вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон навишт, ки дар як тендери дигар аз байни чаҳор ширкати хориҷии муддаии таҳияи ташхиси зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи Роғун касеро баранда эълон накарда ва навбати ояндаи ин довталабӣ рӯзи 10 декабр хоҳад гузашт. Бар асоси тавофуқи байни давлати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, дар сурати ташхиси мусбат, ин ниҳоди байналмилалии пулӣ барои ҷалби сармоя ба эҳдоси нирӯгоҳи Роғун мусоидат хоҳад кард.

Анҷоми зистмуҳитӣ ва иҷтимоии Роғун аз талабҳои аслии Ӯзбакистон аст, ки тарҳи мазкурро таҳдиде ба таъмини заминҳои кишташ бо об дониста, шадидан мухолифи сохта шудани нирӯгоҳи Роғун мебошад. Дар ҳудуди як соли пеш Ӯзбакистон бо ирсоли номаи расмие аз Тоҷикистон хостори мутаваққиф кардани сохтмони нерӯгоҳи Роғун шуда буд. Ӯзбакистон даъво дорад, ки сохтмони неругоҳи Роғун боиси фоҷеъаи зистмуҳитӣ дар минтақа ва биёбон шудани заминҳои зиёд дар кишварҳои поёноб хоҳад шуд. Ва ба ин далел ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат нишон медиҳад.

Аммо дар навбати худ Тоҷикистон ҳама гуна иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки роҳи об ба рӯи кишварҳои ҳамсояи худро бастанӣ нест. Ва сохтмони Роғун баръакс ба манфиати кишварҳои поёноб низ хоҳад буд. Баҳси таҳияи ташхиси иқтисодӣ ва иҷтимоии Роғун боис шудааст, ки дар чанд моҳи ахир суръати сохтмон низ дар неругоҳи Роғун кундтар шавад. Аммо сохтмони он ба ҳар ҳол камокон идома дорад ва давлати Тоҷикистон барои сохтмони Роғун дар соли 2011 дар буҷаи кишвар 850 милион сомонӣ ва ё ҳудуди 200 миллион доллар ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG