Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои хунин дар шимол ва шарқи Афғонистон


Имрӯз бар асари як даргирӣ дар шимоли Афғонистон 9 тан аз нирӯҳои амниятӣ ва 7 ҷангии толиб кушта шуда, паймони НАТО аз ҳалокати 5 сарбози эътилоф дар натиҷаи як ҳамлаи дирӯзаи чирикиҳо дар шарқи ин кишвар хабар додааст.
Раҳбари пулиси вилояти Қундуз Абдулраҳмон Саидхайлӣ ба Франс Пресс гуфтааст, ки ҳамлаи чирикиҳо ба посгоҳи пулис, ки як манораи мухобиротиро посбонӣ мекарданд, мунҷар ба чунин задухӯрди хунин шуд.
Дирӯз 2 сарбози дигари эътилоф бар асари таркишҳо дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд ва ҳалокати 7 сарбози хориҷӣ дар як рӯз якшанбеи 14 ноябрро ба хунинтарин рӯз дар моҳи ҷорӣ барои нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон табдил додааст.
XS
SM
MD
LG