Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Карзай: "Амрико амалиёти нерӯҳои вижаи худро мутаваққиф созад"


Раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки нерӯҳои амрикоӣ бояд шиддати амалиёти низомии худро дар Афғонистон коҳиш диҳанд. Ҳомид Карзай ба рӯзномаи "Washington Post" гуфтааст, ки ИМА бояд ҳамлаҳои нерӯҳои хоси худро мутаваққиф созад, зеро он боиси хашми афғонҳо мешавад.

Ба гуфтаи Карзай, вақти он фаро расидааст то аз ҳузур ва ҳамчунон шиддати амалиёт коста шавад.

Карзай эътироз мекунад

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар идома гуфтааст, ӯ мехоҳад то низомиёни амрикоӣ аз кӯча ва роҳҳои Афғонистон дур шаванд ва ба гуфтаи ӯ, ҳузури нерӯҳои байналмиллалӣ барои муддати тӯлонӣ фақат вазъияти ҷангро бадтар месозад.

Ҳомиди Карзай ба "Washington Post" ҳамчунон гуфтааст, бар Иёлоти Муттаҳида эътироз намекунад аммо вай ба ин бовар аст, ки гуфтани сухани ошкор ва воқеӣ барои тақвияти робитаи ду кишвар муфид аст.

Ӯ ҳамчунон иттиҳомоти фасод дар Афғонистонро вобаста ба сарозер шудани миллиардҳо доллар дар кишвараш донист, ки ба гуфтаи вай ҳеҷ гуна ҳисобдиҳӣ тавассути қарордодҳо сурат намегирад.

Ба гуфтаи Ҳомид Карзай, афғонҳо дигар дар кӯча ва хонаҳои худ ҳузури нерӯҳои амрикоӣ ва мошинҳои размии онҳоро таҳаммул карда наметавонанд. Ӯ ҳамчунон мегӯяд, ки ҳамла ба хонаҳо ҳамеша боиси мушкилот шуда ва бояд ин гуна иқдомот ба поён бирасад.

Хуруҷи ногаҳонии нерӯҳо хатарафзо аст

Ба гуфтаи Карзай, афғонҳо ин гуна ҳамлаҳоро намепазиранд ва агар ҳамлае ҳам сурат мегирад бояд бар асоси қонун ва дар машварат бо ҳукумати Афғонистон анҷом шавад, зеро ин гуна ҳамлаҳо боиси ихтилофот шудааст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамчунон ба ин мавзӯъ ишора кардааст, ки хуруҷи ногаҳонии нерӯҳои байналмиллалӣ барои Афғонистон хатарнок аст, аммо ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои хориҷӣ бояд худро дар пойгоҳҳояшон маҳдуд созанд ва фақат барои амалиёти зарурӣ дар сарҳади Покистон аз ин пойгоҳҳо берун шаванд.

Ҳомид Карзай ҳамчунин ба "Washington Post" гуфтааст, ки Амрико мехоҳад то болои паноҳгоҳҳои Толибон дар хоки Покистон фишори зиёд ворид кунад ва дар Афғонистон саргарми лоиҳаҳои ободонӣ ва мулкӣ бошад.
XS
SM
MD
LG