Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазинаи Роғун 2,2 миллиард доллар ҳисоб шудааст


Ҷамъияти саҳомии “Нирӯгоҳи барқи обии Роғун” дар сомонаи интернетиаш ҳазинаи эҳдоси ин нирӯгоҳи азимро 2,2 миллиард доллар баровард карда, гуфтааст, ки тайи солҳои 2007-2009 аз будҷаи Тоҷикистон барои сохтани Роғун 684 миллион сомонӣ ва имсол 650 миллиони дигар ҷудо шудааст, ки дар маҷмӯъ дар ин 4 сол беш аз 300 миллион долларро ташкил медиҳад. Давлати Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ, алорағми мухолифати Узбакистон, ки тарҳи нирӯгоҳи Роғунро таҳдид ба таъмини оби заминҳои кишташ медонад, ба хотири ҷамъоварии сармояи лозим маъракаи дар бархе маворид ҳатто иҷбории фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳро оғоз кард. Тайи 3 моҳи ин маърака аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои Роғун маблағи муодили тақрибан186 миллион доллар ба даст омад. Вале дар моҳи апрел Душанбе розӣ шуд, то анҷоми ташхиси фанниву зистмуҳитии тарҳи Роғун, ки ба Бонки ҷаҳонӣ вогузор шудааст, аз идомаи амалии сохтмони Роғун худдорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG