Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми тоҷикон дар ҳаёти варзишии Санкт Петербург


Назари Мирзода,раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Перербург
Назари Мирзода,раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Перербург

Дирӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ҷашнвораи варзишии ҷамъиятҳои миллии муқими ин шаҳр оғоз шуд. Ин ҷашнвора ба Рӯзи байналмиллалии бурдборӣ иртибот дорад. Дар он дастаҳои варзишии шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Доғистон, Гурҷистон ва дастаи мунтахаби кишварҳои арабӣ ширкат меҷӯянд.

Дар ҷаҳорчӯбаи ин ҷашнвораи варзишӣ, мусобиқоти мини-футбол, мусобиқоти гуштингирӣ ва ҳамчунин иҷрои баномаҳои ҳунарӣ дар назар гирифта шудааст. Ҷашнвораи байналмиллалии варзишӣ то 16-уми ноябр давом мекунад ва натиҷаҳои он ҳамон рӯз эълон мешавад.

Дар як гуфтугӯ бо Назари Мирзода-раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт Петербург бо номи "Сомониён" аз вай пурсидам, то чӣ андоза дар ин шаҳр ҳузури варзишгарони тоҷики муқими ин шаҳр эҳсос мешавад?

Ҷавоб: Ҳузури онҳо бузург аст. Ҳоло мусобиқоти волейбол давом дорад. Дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳама корҳои варзишии марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон мо як варзишгари хубе дорем, ки аз Бадахшон Бахтибек Бердов аст. Ин варзишгар борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо ва Русия унвони қаҳрамониро ба даст овардааст. Бино бар ин, дар ин ҷо корҳои варзишии ҷамъияти моро вай пеш мебарад. Ғайр аз ин як сол аст, ки вай депутат ё намояндаи Шӯрои шаҳрии Санкт-Петербург аст.

Суол: Вай дар кадом навъи варзиш ном баровардааст?

Ҷавоб: Вай дар навъи варзиши каратэ машҳур шудааст. Мо ҳамаи маъракаҳои варзишии ҷамъиятро ба Бахтибек вогузор кардаем. Имрӯз ва фардо мо дар маъракаҳои гуштингирӣ, дар маъракаҳои футбол ва ҳам воллейбол ширкат меҷӯем. Калонсолон ҳам ҳастанд, хурдсолон ҳам ҳастанд.

Суол: Дигар чӣ дастаҳое ҳастанд ва дар кадом навъҳои варзиш аз ҷониби ҷамъиятҳои тоҷики муқими шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленинград намояндагӣ мекунанд?

Ҷавоб: Дар худи шаҳри Санкт-Петербург се гурӯҳи футбол дорем. Якум, футболи байнишаҳрӣ ва минтақаҳои вилоят. Дар ин даста аслан донишҷӯн ҳастанд, ононе, ки дар ин ҷо таҳсил мекунанд. Гурӯҳи дуввум аслан наврасон мебошанд. Ононе, ки дар мактабҳои русӣ мехонанд, бачаҳои тоҷик. Дар он ҷо ҳам баъзе донишҷӯён ҳастанд ва баъзе мактабиён ҳам, яъне хурдсолон. Онҳо порсол дар мусобиқаҳо натиҷаҳои хуб нишон доданд ва имсол ҳам мо дар ҷои чаҳорум будем. Мо бо миллатҳои дигар бозӣ кардем, дар худи майдони футболи "Зенит". Онҷо бачаҳои тоҷик хӯрокҳои тоҷикӣ оварданд ва ба мухлисон пешниҳод карданд. Мо ҷои чаҳорумро гирифтем.

Суол: Оқои Мирзода, ҳамин гуна мусобиқоти варзишӣ ё тадбирҳои ҳунариву фарҳангие, ки баргузор мешавад, барои ҷамъиятҳои миллӣ, ба вижа барои ҷамъиятҳои тоҷики муқими Санкт-Петербург чӣ аҳамият дорад?

Ҷавоб: Хубиаш ин аст, мо ҳам дар волейбол, ҳам дар футбол ва ҳам дар санъат ду гурӯҳро пешниҳод мекунем. Аз дигарон як гурӯҳӣ ширкат мекунанд, аз мо ду гурӯҳ. Барои он, ки мо ду ҷамъияти тоҷикон дорем ва ҳар дуи он дар вазорати адлияи Санкт-Петербург сабти ном шудаанд.

Суол: Ва аз беҳтарин дастовардҳое, ки солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба он ноил шудаанд, ном бурдан мумкин аст?

Ҷавоб: Дар шаҳри Санкт-Петербург қариб 10 сол аст, ки як тренер (мураббӣ) аз шаҳри Исфара Мамадҷонов Ғаниҷон ҷавононро машқ медиҳад. Вай муштзани хуб аст. Дар ин ҷо ду мусобиқаи ҷаҳонӣ гузашт. Як бача ҳаст, Миралиев Шералӣ. Вай ҳам аз Исфара аст. Вай худаш ду ҷоми қаҳрамонӣ ба даст овардааст ва дар бокси професионалӣ, соли гузашта ду ҷоизаи аврупоӣ ҳам гирифту ҷаҳонӣ ҳам.

Дигар ин, ки порсол аз ҳамин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҷо фарзандонашон мехонанд, қариб 30 нафар дар мусобиқоти самбо иштирок карданд. Тақрибан ҳамаи онҳо дар зинаҳои баланди ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтанд.
XS
SM
MD
LG