Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиди Карзай вакилони амрикоиро маъюс кардааст


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба нерӯҳои амрикоӣ ҳушдор додааст, амалиёти низомӣ дар Афғонистон ва дохил шудан ба зиндагии оддии мардуми афғонро коҳиш диҳанд, вагарна Толибон фаъолтар хоҳанд шуд. Ин баёнияи Ҳомиди Карзай дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Вашингтон Пост” боиси маъюсии вакилони амрикоӣ шудааст. Линдсӣ Граҳам, сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ки ҳафтае пеш дар ҳайъате бо Ҳомиди Карзай мулоқот кард, гуфт, баёнияи раиси ҷумҳури Афғонистон “таконаш додааст”. Ба гуфтаи ӯ хотима додан ба амалиётҳои шабонгоҳӣ дар Афғонистон як фалокат мебуд. Нерӯҳои амрикоӣ ҳам амалиётҳои шабона барои боздошти ҷангҷӯёнро бисёр муҳим медонанд.
XS
SM
MD
LG