Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аунг Сан Су Чӣ ҷонибдоронашро ба ваҳдат даъват кард


Раҳбари тарафдорони демократияи Мианмар Аунг Сан Су Чӣ субҳи рӯзи шанбе билофосила баъд аз раҳоӣ аз ҳабси хонагӣ ҷонибдорони худро ба хотири таъмини демократия дар ин кишвар ба ваҳдат даъват кард. Вай гуфт: "Мо бояд барои расидан ба ҳадаф як ҷо кор кунем". СММ ва ҳукуматҳои кишварҳои Ғарбӣ аз раҳоии хонум Аунг Сан Су Чӣ -раҳбари ҷонибдорони демократия дар Мианмар аз ҳабси хонагӣ истиқбол карданд. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ эъломияе ба нашр расонд ва дар он Сан Су Чи-ро манбаи илҳом барои ҷаҳониён донист. Вай ҳамзамон аз режими Мианмар хост, ки зиндониёни дигари сисёсиро низ раҳо кунад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Аунг Сан Су Чиро "қаҳрамон" арзёбӣ кард. Ангела Меркел- нахуствазири Олмон Су Чиро самбули мубориза барои ҳуқуқи башар номид. Сан Су Чӣ дар давоми 21 соли гузашта 14 сол дар ҳабс ба сар бурдааст. Баъд аз интихоботи Мианмар раҳоии Аунг Сан Су Чӣ-барандаи ҷоизаи Нобел рӯзи шанбе дар назар гирифта шуда буд.
XS
SM
MD
LG