Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исфара марде ба иттиҳоми узвият дар ҲИУ боздошт шуд


Бино ба иттилои хабаргузориҳо, дар ноҳияи Исфара Алӣ Аминови 45-сола яке аз фаъолони Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт шудааст. Дар ин бора раёсати умури дохилаи вилояти Суғд хабар додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, Аминов аз соли 2004 ба ин сӯ аз тарафи мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешуд. Вай дар ҷараёни як амалиёт дар қаламрави ҷамоати Чоркӯҳи ноҳия боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG