Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни сухангӯи пешини Ҳаракати исломии Узбакистон


Бино бар хабарҳо, сухангӯи пешини Ҳаракати исломии Узбакистон, Зайниддин Аскаров, ки дар Узбакистон зиндонӣ буд, даргузаштааст. Аммо наздикони ӯ мегӯянд, захмҳои ҷасади Аскаров баёнгари онанд, ки вай дар маҳбас кушта шудааст. Аскаров соли 2000-ум дар Узбакистон боздошт ва бо иттиҳоми даст доштан дар таркишҳои соли 1999-и Тошканд ба 10 соли ҳасб маҳкум шуда буд ва мебоист ба озодӣ барояд. Вай аз ҷумла касоне буд, ки дар муҳокима дар додгоҳи Тошканд гуфта буд, таркишҳоро бо дастури хадамоти амнияти Узбакистон ташкил кардааст ва гӯё ба ӯ ваъда дода буданд, ки барои ширкат дар ин амалиёт ҷазо нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG