Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши гулдоне ба нархи 69 миллион доллар


Гулдони чинии садаи 18 дар музоядае дар Лондон ба қимати 69 миллион доллар ба фурӯш рафт. Ин гулдон 40 сантиметр баландӣ дошта, соли 1740, дар давраи салтанати Қиянлонг сохта шудааст. Гуфта мешавад, он замоне дар кохи салтанатии Чин нигаҳдорӣ мешудааст. Ин аввалин дасткори ҳунарии Осиёст, ки ба чунин нарх ба фурӯш рафтааст.
XS
SM
MD
LG