Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Балҷувон: Чаро саёҳон намеоянд?


Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Балҷувон
Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Балҷувон

Ҷамъияти «Тоҷикматлубот» ва Ширкати «Роҳи оҳани»-и Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, то соли оянда дар ноҳияи Балҷувон, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар минтақаи туризми байналмиллаӣ эълон шудааст, се меҳмонхонаи ду ошёна бунёд кунанд.

Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, бори аввал аст, ки ширкатҳои дохилӣ барои сармоягузорӣ баҳри рушди туризм маблағгузорӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, фоидаи зуд наовардани соҳаи туризм бештари сармоягузоронро дилсард мекунад.

Ӯ афзуд: «Асос мардуми мехоҳанд, ки тез фоида гиранд. Аммо барои маблағгузорӣ ба соҳаи туризим ва фоида гирифтан бояд 5 сол сабр кард.»

Мушкили роҳу меҳмонхонаҳо

Тасмими бунёди меҳмонхонаҳо дар ноҳияи Балҷувон дар ҳолест, ки ширкатҳои сайёҳӣ омили адами таваҷҷӯҳи саёҳонро мушкили роҳу меҳмонхонаҳо медонанд. Ба унвони мисол, сафар ба мавзеи Сарихосори ин ноҳия, ки табиати ҷолиб дорад, тавассути нақлиёти мусоифиркаш имконнопазир аст.

Элвира Куратова, масъули ширкати “Аспендос-Тур”, мегӯяд, набуди меҳмонхонаҳо ва ғизои муносиб аз монеаҳои аслии ҷалби саёҳон аст. Ба қавли ин хонум, Тоҷикистон ҳанӯз мутахассисони касбӣ дар соҳаи туризм надорад.

Ниёз ба сармоягузории давлат

Шамсулло Аҳадов, мудири шӯъбаи туризми ноҳияи Балҷувон, бар ин назар аст, ки соҳаи туризмро бояд ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад.

Ӯ мегӯяд: “Дар барномаи рушди ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туристӣ, ки аз 37 банд иборат аст, дар ягон ҷо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ нишон дода нашудааст. Барои ҳамин, агар то маблағгузорӣ аввал аз ҷониби ҳукумат нашавад, дар гумон аст, ки туризм рушд кунад.”

Ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон соли 2001 Балҷувонро минтақаи туризм эълон намуда буд, вале бо гузашти даҳ сол дар самти рушди ин соҳа мувафақияте ба даст наомадааст. Масъулини ноҳия мегӯянд, барои сохтани роҳҳо ва муҳайё намудани шароит барои саёҳон маблағи бузург лозим аст, ки феълан онҳо ин имконро надоранд.

Балҷувон ноҳияест, дар ҷануби Тоҷикистон, ки табиати ҷолибу мавзеъҳои диданӣ дорад.
XS
SM
MD
LG