Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солҷашни мунаққиди саркаши режими Шӯравӣ


Ҷумъа Одина, нависандаи маъруфи тоҷик, агар умр вафо мекард, имрӯз 11-уми ноябр 80-сола мешуд. Ҷумъа Одина аввалин нависандае буд, ки дар замони Шӯравӣ аз сиёсати ҳизби Коммунист интиқод кард ва фишору таҳқирҳои режими коммунистӣ барои ӯ бо сактаи қалб анҷомид.

Ҷумъа Одина муаллифи як қатор қиссаву романҳост. Аввалин осори ӯ бо номи «Авроқи рангин» соли 1964 навишта шудааст. Баъдан «Иншо дар мавзуи озод» ва соли 1983 «Чамбари Оташ» ба дасти чоп расид.

Ҷумъа Одина пас аз нашри романи «Гузашти айём» бештар шинохта шуд. Ин китоб боиси нороҳатии раҳбарияти коммунистии давр гашт ва 14 ҳазор нусхаи он ба коми оташ андохта шуд.

Зиндагии Ҷумъа Одина низ бо чопи ин китоб рӯ ба сиёҳӣ овард. Хонаводаи ӯ дар ҳамон солҳо аз Тоҷикистон ба Маскав кӯч баст ва феълан духтарон ва наберагони ӯ муқими шаҳри Маскав ҳастанд.

Баъдан соли 1990 баъди 8 соли марги Ҷумъа Одина романи «Гузашти айём» дубора ба дасти хонандагон расид ва худи ҳамон сол бо ҷоизаи давлатии Рӯдаки сазовор гардид.

Ҷумъа Одина ҳамчунин тарҷумони хуб ҳам буд. Ӯ беш аз 20 асари русиро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Дар робита зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин нависандаи маъруф радиои Озодӣ бо Атто Ҳамдам, адиби тоҷик ва аз шогирдони Ҷумъа Одина, сӯҳбате анҷом дод, ки муҳтавои онро метавонед дар ин навори аудиоӣ бишнавед.

XS
SM
MD
LG