Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон то Чин


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин, натоиҷи мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷавоизи Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, пирӯзии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон гузориш медиҳем.

Муаррифии дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои мизбонии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022-юм Билл Клинтон, раисиҷумҳури собиқи Амрико, анҷом хоҳад дод. Муаррифӣ 1-уми декабри соли 2010-ум дар шаҳри Сюрихи Швейтсария, як рӯз қабл аз овоздиҳии аъзои кумитаи иҷроияи ФИФА – Федеросиюни байнулмилалии футбол, ки аз рӯи натоиҷи он кишвари ташкилкунандаи мусобиқот интихоб мешавад, баргузор хоҳад шуд. Моҳи майи соли 2010-ум Клинтон президенти фахрии кумитаи дархости Амрико таъин гардид. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1994, замоне ки Билл Клинтон раисиҷумҳури кишвар буд, сабқати ҷаҳонии футбол баргузор шуда буд. Барои мизбонии Ҷоми ҷаҳонии соли 2022-юм ба ғайр аз Амрико Қатар, Австралия, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ муддаиянд. ФИФА – Федеросиюни байнулмилалии футбол 2-юми декабр, ҳамчунин, кишвари ташкилкунандаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018-ро муайян хоҳад кард.

Маҷаллаи олмонии GQ Михаил Шумахер, қаҳрамони 7-каратаи ҷаҳон, сарнишини «Мерседес»-ро «Одами соли 2010» эътироф кард. Маросими мукофотсупорӣ дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд. Шумахер, ки ба «Формула-1» пас аз се соли анҷоми манзалат баргашт, дар номинатсияи «Варзиш» ғолиб шуд. Сабаби супурдани ҷоиза ба варзишгари 41-сола чунин маънидод шудааст: «бозгаште, ки ба он ҳеҷ кас бовар надошт». Ҳангоми гирифтани ҷоиза Шумахер ба ҳамсараш Корина барои дастгириаш изҳори сипос намуд. Маҳз розигии ӯ яке аз шартҳои бозгашти Шумахер мебошад.


Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Чин аз 12-ум то 27-уми ноябр баргузор мешаванд, ширкат мекунанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: “Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 61 варзишгар шомиланд, ки дар 16 навъи варзиш ширкат хоҳанд кард (13 риштаи олимпӣ - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштии озод, дзю-до, камонварӣ, қаиқронӣ, таэквон-до WTF, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ ва шиноварӣ, 3 риштаи ғайриолимпӣ - каратэ, софтеннис ва ушу). Мо аз варзишгарони маъруфи кишвар, монанди Дилшод Назаров, дар риштаи гурзандозӣ, Расул Боқиев, дар навъи гуштии дзю-до, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева, дар риштаи бокс, натоиҷи баландро чашмдорем”.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ шурӯъ аз соли 1994 ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XII осиёӣ дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон ду медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Вале мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои XIII осиёӣ, ки соли 1998-ум дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир шуданд, бе медал баргашт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2002-юм дар Бозиҳои XIV осиёӣ дар шаҳри Бусани Куриёи Ҷанубӣ аз ҳама бештар – 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифт. Варзишгарони тоҷик соли 2006-ум дар Бозиҳои XV осиёӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар 4 медал – 2 тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Зимнан, варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар ин бозиҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷавоизи Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгарони пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар сабқати занон душанбегӣ Албина Камолиддинова ғолиб шуд. Сабқати мардон бо пирӯзии Фаррух Ҷӯраев хотима ёфт. Дар ҳисоби дастаӣ ҳам миёни занон ва ҳам байни мардон се дастаи Тоҷикистон ҷойҳои якум, дуввум ва севумро ишғол карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ҷавоизи Зебуннисо Рустамова мукофотонида шуданд. Ҷавоизро ба варзишгарон худи камонвари машҳури тоҷик супурд. Ин мусобиқа барои аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як навъ санҷише буд пеш аз Бозиҳои XVI осиёӣ дар Чин. Дар ин бозиҳо дар риштаи камонварӣ Фирӯза Зубайдова, Ҷамолиддин Шамсиддинов, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷараёни ин мусобиқа мо бо Зебуннисо Рустамова, камонвари машҳури тоҷик, Муҳаммади Наврӯзпур, раҳбари тими камонварони устони Хуросони Ҷанубии Эрон, Меҳрӣ Шамшеркаш, тирандози эронӣ, Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҳамсӯҳбат шудем, ки ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Дастаи футболи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд.
Тими «Истиқлол», ки дар ду даври охир, нахуст дар майдони худ бар рақиби аслиаш – дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад ва баъдан бозии даври 33-юми мусобиқотро бо дастаи мизбон - «Хуҷанд» бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, барои рақибонаш дастнорас гашт ва дар сабқати Лигаи олӣ пешакӣ соҳиби медалҳои тилло шуд.

Дар воқеъ, Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, поягузор ва ҳамлагари дастаи «Истиқлол» мебошад. Рустами 23-сола, ки чанд рӯз пеш ба симати ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин шуда буд, инчунин, узви Шӯрои олимпии Осиё гардид.

Дастаи “Истиқлол” имсол таҳти раҳбарии сармураббӣ Олимҷон Рафиков, собиқ бозигари тими машҳури “Помир”-и Душанбе, ҳамчунин, Суперкубок ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Олимҷон Рафиков дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

«Ман дар ин ҷо худро шаҳрванди комил меҳисобам. Зеро Тоҷикистон ватани ман аст. Волидайнам дар ин сарзамин ба сар мебурданд. Падарам дар ин ҷо ба хок супурда шудааст. Бинобар ин вақте ки маро ба вазифаи сармураббии дастаи «Истиқлол» даъват карданд, зуд розигӣ додам. Хеле хушнудам, ки аз ӯҳдаи вазифаи дар назди мо гузоштаи раҳбарони даста бо сарбаландӣ баромадем».

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон ва барандаи 3-каратаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, сарфи назар аз натоиҷи се бозии боқимондааш, мисли мусобиқоти соли гузашта дар ҷои дуввум қарор гирифтааст ва бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳад шуд.

Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Хайр»-и Ваҳдат, ки мутаносибан ҷойҳои севуму чаҳорумро касб кардаанд, барои медалҳои биринҷии мусобиқот талош доранд. Бозии байни ин ду даста, ки 15-уми ноябр дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат сурат мегирад, бозии ҳалкунанда ва марказии даври 34-ум маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG