Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азсаргирии таҳқиқи парвандаи журналисти рус


Додситонҳои Русия таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба хабарнигорро дар соли 2008 дубора аз сар гирифтанд, ки сараш зарб хӯрда ҳамакнун дар курсии маъюбӣ нишастааст. Дар ҳодисаи ду сол пеш сардабири нашрияи “Химкинская правда” Михаил Бекетов, ки дар бораи аз байн бурдани ҷангал ва сохтмони шоҳроҳи автомобилӣ дар Химкӣ гузоришҳо навиштааст, шадидан зарбу лат шуда буд. То имрӯз ҳамлагарони журналист пайдо нашуданд. Рӯзи чоршанбе Бекетовро барои тӯҳмат дар ҳақи мири шаҳраки Химки Владимир Стрелченко айбдор донистанд, ки сентябри соли 2007 дар як мусоҳибаи телевизиониаш садо дода буд. Азсаргирии таҳқиқи парвандаи лату кӯби Бекетов дар ҳолест, ки ахиран боз як хабарнигори рус – корманди нашрияи “Коммерсант” Олег Кашин дар Маскав аз ҷониби нафарони ношинос шадидан зарбу лат дидааст.
XS
SM
MD
LG