Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши нави сиёсатмадорони Ироқ дар ҳалли бӯҳрони қудрат


Бино бар хабарҳо сиёсатмадорони ироқӣ ба ҳалли масъалаи ташкили ҳукумати нави ин кишвар наздик шудаанд. Созиши онҳо бунбастеро, ки ҳашт моҳ ба ин сӯ идома дорад, ба поён хоҳад расонд. Гуфта мешавад, эътилофи аҳзоби суннимазҳаби Ироқ розият додааст, ки Нурӣ Ал-Моликӣ дар мақоми сарвазир боқӣ бимонад ва дар иваз раиси порлумон аз намояндагони суннӣ интихоб шавад. Қарор аст, имрӯз дар ҷаласаи порлумони Ироқ ҷузъиёти ин созиш эълон гардад.
XS
SM
MD
LG