Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти донишҷӯён дар Лондон


Имрӯз дар Лондон эътирозкунандагон шишаи тирезаи дафтари марказии Ҳизби Муҳофизакорро шикастанд ва дохили дафтар шуданд. Даҳҳо ҳазор нафар донишҷӯён ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд, то бар зидди нақшаҳои ҳукумат дар бораи боло бурдани ҳақи таҳсил норизоятии худро баён кунанд. Бино ба гузоришҳо, 3 нафар дар ҷараёни тазоҳурот сатҳӣ захм бардоштаанд. Созмондиҳандагон мегӯянд, 50 ҳазор нафар донишҷӯёну устодон дар ин тазоҳурот ширкат доштаанд. Ҳукумат ба нақша гирифтааст, ки ҳақи таҳсилро се баробар боло бибарад. Дар он сурат он ба 9 000 фунт стерлинг ё 14 000 доллар мерасад. Пулис шумораи тазоҳуркунандагонро 20 то 26 ҳазор нафар тахмин задааст.
XS
SM
MD
LG