Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барои ширкат дар мулоқоти ҶӢ-20 вориди Кореяи Ҷанубӣ шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико боздиди худро аз Индонезия ба поён расонд. Вай дар он ҷо дар маросими солгарди поёни фаъолияти ҳукумати худкома ва оғози ҳокимияти демократӣ ширкат ҷуст. Вай аз усули нави муосир барои рушди демократияи исломӣ дар ин кишвар ситоиш кард. Қаблан Обама эътироф кард, ки бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо муносиботи Амрико бо ҷаҳони ислом ҳамоно ташвишовар боқӣ мондааст. Барак Обама дар ин суханронии худ дар донишгоҳи Ҷакарта-пойтахти Индонезия хост, ки ба гуфтаи худаш "ҳамаи шубҳаву нобоварӣ"-ҳо бо ҷаҳони ислом канор гузошта шавад ва барои мубориза бар зидди хушунати ифротгароён ҷабҳаи муштарак ташкил шавад. Обама барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ё ҶӢ 20 вориди Кореяи Ҷанубӣ шудааст. Ин мулоқот рӯзи панҷшанбе оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG