Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳинд баррасӣ шуд


Тибқи хабари "Авеста", Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон бо генерал Виҷай Кумар Сингҳ-фармондеҳи кулли артиши Ҳиндустон дар Душанбе масъалаи таълими коршиносони низомӣ ва муборизаи муштарак бо терроризмро баррасӣ кардаанд. Ҷонибҳо дар бораи иҷрои нақшаҳои ҳамкориҳои низомӣ ва густариши ҳамкориҳои низомиву техникӣ низ гуфтугӯ кардаанд. Ҳамкориҳои низомии ду кишвар соли 2002 оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG