Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барои мубориза бо ифротгароӣ хостори ҳамкорӣ шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эътироф кард, ки бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо муносиботи Амрико бо ҷаҳони ислом ҳамоно ташвишовар боқӣ мондааст. Обама гуфт:

"Мо баъзе пешравиҳо кардаем. Вале корҳои зиёде боянд анҷом диҳем. То ҳол мардуми бегуноҳ дар Амрико, дар Индонезия ва дар саросари ҷаҳон ҳадафи ҳамлаи тундгароии хушунатбор қарор мегиранд. Ман ба таври возеҳ гуфтаам, ки Амрико ҳеҷ гоҳ бо ислом дар ҳолати ҷанг набуд ва нахоҳад буд. Баръакс мо ҳама бояд як ҷо кор кунем, то Ал Қоида ва бахшҳои онро саркӯб кунем".


Барак Обама дар ин суханронии худ дар донишгоҳи Ҷакарта-пойтахти Индонезия хост, ки ба гуфтаи худаш "ҳамаи шубҳаву нобоварӣ"-ҳо канор гузошта шавад ва барои мубориза бар зидди хушунати ифротгароён ҷабҳаи муштарак ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG