Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Покистон 204 донишҷӯи ғайрирасмӣ ба ватан баргашт


Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин кишвар то ҳол ҳудуди 300 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳо ва мадрасаҳои исломӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд. Вай афзуд:

"То имрӯз мо 204 нафарро фиристодем ва тақрибан ҳамаи он донишҷӯёне, ки дар мадрасаҳои бузург таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргаштанд".

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, шумораи ночизи чунин донишҷӯён ҳоло мунтазири бозгашт ба ватан мебошанд. Хонаводаҳои ин донишҷӯён бояд заминаи молии бозгашти фарзандонашонро фароҳам оранд.
XS
SM
MD
LG