Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хорватия ба узвият дар ИА як қадам наздиктар шуд


Иттиҳоди Аврупо ба Хорватия гуфт, музокироти узвияти ин кишвар дар иттиҳод ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Аммо таърихи баргузории даври охири гуфтушуниди Иттиҳоди Аврупо ва Хорватия ҳанӯз эълон нашудааст. Иттиҳод ҳамчунин эълони мақоми расмии номзад барои Албания ва Монтненегро низ ба таъхир гузоштааст. Дар гузориши нави иттиҳод аз Сербия барои беҳбуди нисбии робитаҳояш бо Косово ситоиш шудааст.
XS
SM
MD
LG