Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар ҷаласаи Кумиссюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав тасмим гирифта шуд, ки Русия дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи дигари барқи обӣ бунёд кунад. Ҳамчунин ҷадвали замонии пардохти қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба идораи нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" то охири соли 2011 баррасӣ ва тасдиқ гашт. Тарафҳо қарор карданд, ҷаласаи навбатии кумиссюни байнидавлатӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад.