Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Русия ва Тоҷикистон дар ҳифзи марз бо Афғонистон


Тоҷикистон ва Русия ба созиш расидаанд, ки дар ҳифзи марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон якҷоя фаъолият кунанд. Дар ин бора торнамои Бахши русии радиои Би-Би-Сӣ аз Душанбе хабар додааст. Ин созиш дар ҷаласаи Шӯрои сарони ниҳодҳои амниятӣ ва махсуси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҷараён гирифт, ба даст омадааст. Мақомоти Русия дар гузашта борҳо исрор кардаанд, ки пас аз рафтани марзбонони Русия аз марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли 2005 қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба маротиб бештар шудааст ва эҳтимол дорад, ки марзбонони Русия ба ин сарҳад бозгарданд.
XS
SM
MD
LG