Муҳаммадӣ Музаффаров, консули сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира дар як сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз бозгардони донишҷӯён аз Миср танзими ҷараёни таҳсили толибилмони тоҷик дар мадориси хориҷист ва феълан бо мақомоти Миср мавзӯи ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили донишҷӯён аз Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ахиран аз ин кишвар ба Душанбе 132 шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шуданд. Оқои Музаффаров афзуд, ки ҳамаи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрӣ барои бозгашт ба ватан омода нишон доданд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни сафараш ба Теҳрон вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ аз мақомоти Эрон дархост кардааст, ки дар бозгардони донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар ин кишвар “ба таври ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд”, мусоидат кунанд.