Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти иқтисодии Тоҷикистону Русия


Масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тарҳҳои муштараки энержӣ рӯзи сешанбе дар Маскав аз ҷониби комиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад. Вазири энержии Русия Сергей Шматко қарор аст раҳбарии ин ҷаласаро ба ӯҳда бигирад. Ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазир Асадулло Ғуломов раҳбарӣ мекунад. Қарор аст, дар ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, самоягузорӣ, шаклҳои илмиву фаннии ҳамкориҳои миёни ду ҷониб баррасӣ шаванд. Бар тибқи ҳисобҳои коршиносон, дар давоми шаш моҳи соли равон мизони тиҷорати молу колои миёни ду кишвар 402 миллион долларро ташкил додааст. Манобеи русӣ гуфтанд, ки дар ин нишаст таваҷҷӯҳи хосса ба ҳамкориҳо дар риштаи энержӣ равона мешавад.
XS
SM
MD
LG