Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Зарифӣ аз мақомоти Эрон


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон аз Манучеҳри Муттакӣ, ҳамтои эронии худ хостааст, то дар бозгардонидани муҳассилини тоҷике, ки ба сурати ғайри расмӣ дар Эрон таҳсил мекунанд, мусоидат намоянд. Қаблан, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори бозгардонидани ҷавонон аз мадрасаҳои динии хориҷӣ шуда буд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар иҷлоси 9 -уми Муколамаи ҳамкориҳои осиёӣ дар Теҳрон ширкат дошт, дар мулоқот бо Манучеҳри Муттакӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ин матлабро изҳор намудааст.

Ҳамрохон Зарифӣ зимни баррасии вазъи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии Эрон, аз ҳамтои эронии худ хостааст, ки дар амри ба Тоҷикистон бозпас гаштани он зумра аз ҷавонони тоҷик, ки дар Эрон ба таври ғайри расмӣ таҳсил мекунанд, мусоидат намояд.
Бино ба хабарҳои то кунун мунташиршуда, Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи нишасти Теҳрон ҳамчунин бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон низ мулоқот намудааст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди густариши ҳамкориҳои дуҷониба, афзоиши сароягузориҳои Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон ва мавзӯъҳои дигари мавриди алоқаи ду кишвар табодули назар намудаанд.

Дар як моҳи пеш мақомоти Тоҷикистон аз сафари як гурӯҳи ҷавонони тоҷик ба Эрон зимни нишастан ба ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе ҷилавгирӣ намуда буданд.

Бозгашти донишҷёни тоҷик аз Миср

Як теъдод донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи Ал-Азҳари ҷумҳурии Мисри Араб таҳсил мекарданд ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гузориши хабаргузориҳо, ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки зоирони тоҷикро ба кишвари Арабистони Саудӣ интиқол дода буданд, дар бозгашт ин донишҷӯёро ба ватан овардаанд.

Ҳавопаймои ҳомили донишҷӯёни тоҷик субҳи дирӯз, 8 -уми октябр дар фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе фуруд омад, ки гуфта мешавад беш аз 100 нафар донишҷёро ба Тоҷикистон овардааст.

Ҳоло маълум нест, ки наҳваи бозгашти ин донишҷуёни чӣ гуна будааст ва онҳо ихтиёрӣ ба ватан бозгаштаанд ва ё иҷборӣ чунин тасмиме гирифтаанд.

Қаблан масъулини Кумитаи дин гуфта буданд, ки дар бораи дар мадориси хориҷӣ таҳсил кардани 1432 толибилми тоҷик маълумот ҷамъоварӣ шудааст.

Раиси ҷумҳур низ хостори бозгашти муҳассилин шуда буд

Иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.

Оқои Раҳмон ба дунбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.

Аммо ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам масъулони Кумитаи дин дар ин маврид аз кадом як кишвари хосе ном намебаранд.

Ахиран дар як филми мустанад бо номи "Масири гумроҳон", ки ҳама шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш доданд, гуфта шуд, ки чанд тан аз ҷавонҳои тоҷик дар мадрасае дар Вазиристони Покистон таълимоти террористӣ мегиранд.

Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти ғайриҳанафӣ гирифта, метавонанд фитнаҳои наверо дар кишвар ба по кунанд.
XS
SM
MD
LG