Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Манучеҳри Муттакӣ


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, дар ҳошияи ҳамоиши вазирони созмони Муколамаи ҳамкориҳои Осиё дар Теҳрон бо вазири корҳои хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ, равобити дуҷониба, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ва ширкати Эрон дар тарҳҳои энержии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Яке аз масъалаҳои махсуси ин гуфтушунид ба шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Эрон ва ҳамкориҳои дуҷониба дар ин ришта дахл дошт. Ҷаноби Зарифӣ аз тарафи Эрон хост, ба бозгардони донишҷӯёне, ки ғайриқонунӣ дар Эрон таҳсил мекунанд, мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG