Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши хунин дар Карбало


Бино ба хабарҳо, инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар шаҳри барои шиаҳо муқаддаси Карбалои Ироқ имрӯз мунҷар ба кушта ё захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд. Пулис мегӯяд, дар байни қурбониён зоирони эронӣ низ буданд. Мошини бомбгузоришуда дар як кӯчаи пуриздиҳом дар наздикии масҷид дар маркази Карбало мунфаҷир шуд. Шумори куштаҳову захмиҳо ҳанӯз дақиқ нашудааст. Пулис ба дунболи таркиш дар Карбало қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG