Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ниҳодҳои амниятии ИДМ дар Душанбе


Имрӯз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, иҷлосияи 29-уми Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои вижаву амниятии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) оғоз ба кор мекунад. Маркази матбуотии кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, дар ин нишаст, ки то 10 ноябр идома хоҳад ёфт, масоили муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла зери чатри мазҳаб, баррасӣ хоҳад шуд. Қочоқи инсон, таъмини амнияти низомиву марзӣ, муқобила ба қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва мубориза бо гурӯҳҳои фаромарзии ҷиноӣ аз мавзӯъҳои дигари баҳси намояндагони ниҳодҳои амниятӣ дар Душанбе ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG