Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади як қурбонии суқути чархбол дар Рашт


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷасади як қурбонии дигари суқути чархболи нерӯҳои махсусро пайдо карданд. Аз дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Диловар Талбаков, як узви дигари гурӯҳи «Алфа»-ро субҳи имрӯз аз дарёи Сурхоб, дар минтақаи Рашт дар шарқи кишвар пайдо кардаанд. Чархболи нерӯҳои қудратӣ, ки дар амалиёт алайҳи тундравон ширкат мекард, 6 ноябр дучори сониҳа шуд ва бар асари он 20 нафар, 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви “Алфа” кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ҷустҷӯи ҷасади як нафари дигари идома дорад.
XS
SM
MD
LG