Бино ба иттилои ин сарчашма, ҷасади Диловар Талбаков, зодаи шаҳри Кӯлобро гурӯҳи вижаи ҷустуҷӯӣ субҳи имрӯз аз дарёи Сурхоб пайдо кардааст. Ҷасади ин афсар дар давоми рӯз ба минтақаи Кӯлоб интиқол ёфт.
Як ҳафта қабл аз ҳамин маҳал ҷасади прапоршики калони гурӯҳи "Алфа" Сӯҳроб Мирзоевро пайдо карданд. Пештар, рӯзи 27-уми октябр, ҷасади се нафари дигар - Мискиншо Ироншоев, зодаи шаҳри Хоруғ, Олим Суяров, зодаи ноҳияи Данғара ва Ширин Сафаров, зодаи ноҳияи Фархор кашф шуда буд.
Мақомоти интизомии кишвар аз суқути чархболи ҳомили нерӯҳои қудратӣ дар маҳали Навободи минтақаи Рашт дар рӯзи 6 октябр хабар дода буданд, ки дар пайи он аз 27 савори чархбол, 20 нафар ба ҳалокат расид. Дар миёни онҳо, ҷасади 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви нерӯҳои “Алфа” шиносоӣ шуда буд.
Дар ибтидо чанд фарзияи суқути ҷархбол дар миён буд. Яке аз фарзияҳо, беш аз ҳадди мумкин бор доштани чархбол унвон мешуд. Фарзияи дигар ин буд, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.