Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси федератсияҳои футболи Узбакистон ва Тоҷикистон


Федератсияи футболи Узбакистон дар вокуниш ба иттиҳом аз сӯи Зоир Бобоев, собиқ сармураббии дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон, аз федератсияи футболи ин кишвар хостори шарҳи расмӣ шудааст. Қаблан Зоир Бобоев Тошкандро дар нокомии футболбозони тоҷик айбдор хонда буд.

Ба гуфтаи ӯ, барои тими миллии ҷавонони Тоҷикистон вақти кофӣ барои тамрин надодаанд ва ҳангоми интиқоли онҳо ба майдонҳои варзишӣ таъхир мекардаанд. Дигар ин ки, ба қавли Зоир Бобоев, ба истиснои тими миллии Тоҷикистон, дигар ҳеҷ яке аз тимҳои мусобиқот барои мушаххас кардани синну соли футболбозон ҷавон аз ташхиси махсус нагузаштаанд.

Зоир Бобоев, ки дар пайи ин нокомӣ аз вазифаи сармураббӣ барканор шуд, зимни як нишасти матбуотӣ Федератсияи футболи Узбакистонро ҳамчунин бо он айбдор хонд, ки алайҳи дастаи Тоҷикистон бо доварони мусобиқа забон як кардааст ва онҳо рафти бозиҳоро ғайримунсифона баҳо додаанд.

Аммо ҷониби Узбакистон ин иддаоҳоро «беасос ва бардуруғ» хонда, аз Федератсияи футболи Тоҷикистон тақозо кардааст, то расман ин изҳоротро шарҳ диҳад. Федератсияи футболи Узбакистон сабаби шикасти дастаи Тоҷикистонро ба ноомодагиҳои варзишгарони тоҷик ба мусобиқот рабт додааст.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, аз тими мизбон бо ҳисоби бузурги 1-8 шикаст хӯрд.

Дар бозиҳои дигари ин мусобиқот низ дастаи Тоҷикистон ба нокомӣ дучор шуд. Дар сабқати гурӯҳӣ футболбозони навраси тоҷик бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз дастаи мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи бозиҳо маҳрум шуданд.

Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон яке аз дастаҳои муваффақи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маҳсуб мешуд. Чаҳор сол муқаддам футболбозони тоҷик ба дарёфти медали биринҷии сабқати қитъавӣ роҳ ёфта буданд.

Коршиносони бахши варзиш мегӯянд, нокомии дастаи Тоҷикистон дар Тошканд ғайричашмдошт набуд, зеро футболбозони тоҷик давраи омодагӣ ба мусобиқоти байнулмилалиро танҳо дар дохили кишвар анҷом доданд ва набуди таҷрибаи бозиҳои санҷишӣ боиси шикасти онҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG