Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рӯзи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон


Рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Қонуни Асосии ин кишвар шинохта шудааст. Нахустин Қонуни Асосии Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол, 6-уми ноябри соли 1994 зимни баргузории як назархоҳии умумӣ қабул шуд ва аз он таърих то кунун ҳамасола ин рӯз ба унвони рӯзи Қонуни Асосӣ таҷлил мешавад.

То соли 1994 дар Тоҷикистон Қонуне амал мекард, ки соли 1978, дар замони Шӯравӣ қабул шуда буд. Комиссияи таҳияи Қонуни Асосии Тоҷикистон баробари касби истиқлолияти ин кишвар ташкил шуд ва дар тобистони соли 1992 пешнависи ин қонун аз тариқи расонаҳо муаррифӣ гардид.

Вале бо шиддат пайдо кардани танишҳо миёни ҷиноҳҳои даргир ва саросарӣ шудани ҷанги ҳамватанӣ, имкони идомаи кори комиссияи мазкур ва баргузории раъйпурсӣ ба хотири қабули Қонуни Асосӣ номумкин гардид.

Баъди ба қудрат расидани ҳукумати нав бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, комиссия ба манзури таҳияи Қонуни Асосӣ ташкил шуд, ки раёсати онро Абдулмаҷид Достиев, собиқ муовини раиси парлумон, феълан сафири Тоҷикистон дар Русия ба ӯҳда дошт. Бархе аз аъзои комисияи собиқи таҳияи Қонуни Асосӣ низ вориди комиссияи нав шуданд.

Дар тирамоҳи соли 1992 Шӯрои Олии Тоҷикистон шакли идораи раёсатҷумҳуриро барҳам дод ва тӯли ду сол дар Тоҷикистон усули идораи порлумонӣ ҷорӣ буд. Вале Қонуни Асосии соли 1994 Тоҷикистонро ҷумҳурии бо шакли идораи раёсатҷумҳурӣ эълон кард.

Раъйгирӣ ба манзури қабули Қонуни Асосӣ дар соли 1994 дар ҳоли идомаи ҷанги ҳамватанӣ сурат гирифт. Як шарти созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифин дар соли 1997, ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон буд. Бар асоси тағйироте, ки тибқи созиши давлат ва мухолифин ба Қонуни Асосӣ ворид шуд, дар Тоҷикистон порлумони иборат аз ду маҷлис ташкил шуд.
XS
SM
MD
LG