Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони хадамоти амниятии ИДМ ба Душанбе меоянд


Мавзуи меҳвари ҳамоиши сарони хадамоти амниятии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, ки интизор меравад аз 8 то 10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ унвон мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш ҳамчунин масоили амнияти марзҳо ва мубориза бо қочоқи инсон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Нишасти сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои пасошӯравӣ дар Душанбе дар ҳоле доир мешавад, ки фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро дар манотиқи мухталифи Афғонистон мояи нигаронии на танҳо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

ИДМ ва нақши он дар амнияти минтақа

Моҳи марти соли 1995 аввалин мулоқоти раҳбарони хадамоти амниятии 12 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ баргузор шуд, ки дар паи он Шӯрои раҳбарони хадамоти амниятии ин кишварҳо таъсис ёфт. Дар ин мулоқот чанд созишномаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, қочоқи силоҳ ва дигар анвои ҷинояткории муташаккилона ба имзо расид.

Моҳи апрели соли 2000-ум раҳбарони Иттиҳод мувофиқат карданд, ки дар Бишкек маркази зидди терроризм поягузорӣ шавад. Вазифаи асосии ин марказ муқовимат ба ҷунбишҳои ифротгароии исломии Осиёи Марказӣ мебошад.

Аъзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон - ба таври муназзам вохӯриҳои раҳбарони ниҳодҳои умури дохилӣ, амният ва марзбононро ташкил мекунанд.

Соли 2006-ум аъзои ин созмон мувофиқат карданд, ки бар иловаи тамринҳои амниятиву ҳарбии муштарак табодули таҷрибаи мутахассисон ва таълими донишҷӯёни кишварҳои узвро танзим намоянд. Соли 2007 дар мулоқоти Душанбе раҳбарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ёддоште имзо гузошта, ба таҳкими равобити ин паймон бо Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, ҳамлу нақли ғайришаръии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона ризоят доданд.
XS
SM
MD
LG