Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории ИМА ба азсаргирии музокироти ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1


Даниел Понеман
Даниел Понеман

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози умедворӣ кардааст ба зудӣ таърих ва маҳали анҷоми гуфтугӯҳои тозаи ҳастаӣ бо Эрон эълом мешавад ва ин гуфтугӯҳо пас аз гузашти беш аз як сол таваққуф дар он, аз сар гирифта шавад.

Даниел Понеман, муовини вазири энержии Амрико рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти гурӯҳи байналмиллалии ҳамкориҳои ҳастаӣ дар Урдун, бо ибрози умедворӣ нисбат ба азсаргирии гуфтугӯҳои ҳастаии бо Эрон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст : «Умедворем ба зудӣ таърих ва маҳали анҷоми ин гуфтугӯҳо таъин шавад»

Эрон омодаи гуфтугӯ аст

Ҳафтаи гузашта низ Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии ИА эълом карда буд Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон дар номае хитоб ба вай, бар омадагии Теҳрон барои азсаргирии гуфтугӯҳои ҳастаӣ таъкид кардааст.

Охирин даври гуфтугӯҳои миёни Эрон ва кишварҳои узви гурӯҳи панҷ ба иловаи як бар сари барномаи ҳастаиии Эрон, беш аз як сол қабл баргузор шуда буд ва аз он замон то кунун ин гуфтугӯҳо мутаваққиф мондааст.

Дар ин муддат ва ба дунболи боло гирифтани танишҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон, Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи таҳримии тоза алайҳи ин кишвар тасвиб карда ва ИМА ва кишварҳои узви ИА низ таҳримҳои якҷонибаеро алайҳи Теҳрон эъмол кардаанд.

Бо ин ҳол, Даниел Понеман, муовини вазири энержии Амрико гуфтааст: «Мо омодаи гуфтугӯ бо Эрон ҳастем. Азсаргирии гуфтугӯҳо ва пардохтан ба масъалаҳои умда вобаста ба парвандаи ҳастаии Эрон, кори дурусте аст.»

Ин мақоми амрикоӣ дар айни ҳол таъкид кардааст, ки эъломи омодагии Эрон барои азсаргирии гуфтугӯҳои ҳастаӣ, ношӣ аз асаргузории даври тозаи таҳримҳо алайҳи Эрон будааст.

Вай дар ин бора гуфта аст: «Шумо натоиҷи ин сиёсатро мушоҳида мекунед. Далели ин, ки чаро хонум Эштон саранҷом посухи мусбате аз эрониҳо барои азсаргирии гуфтугуҳо дарёфт, ҳамин аст.»

Нигарониҳо аз барномаи ҳастаии Эрон

Кишварҳои ғарбӣ ва ба вижа ИМА, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба талош барои сохтани ҷангафзорҳои ҳастаии муттаҳам мекунанд ва ҳамроҳ бо Шӯрои Амнияти СММ хостори таваққуфи фаъолиятҳои ҳассосе монанди ғанисозии уранюми қобилияти корбурд дар сохти бомбаи атомиро низ дорад, шудаанд.

Эрон то кунун аз тан додан ба ин дархостҳо худдорӣ кардааст ва ҳатто пешниҳодеро, ки соли гузашта аз сӯи Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва чанд кишвари даргир дар парвандаи ҳастаии Эрон барои мубодила уронюми ғанишудаи ин кишвар бо сӯхти ҳастаии реактори Теҳрон ироа шуда буд, напазируфт.

Изҳори умедвории ИМА барои азсаргирии гуфтугӯҳо бо Эрон дар ҳоле аст, ки Вашингтон дар рӯзҳои гузашта аз сахттар шудани шароити мубодилаи сӯхти ҳастаӣ бо Эрон сухан гуфтааст.

Дар шароите, ки интизор меравад пешниҳоди тозаи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди мубодилаи сӯхт дар меҳвари гуфтугӯҳои оянда бо Эрон қарор гирифта бошад, Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба ахбори мунташиршуда дар бораи ин пешниҳод гуфта буд, мубодилаи сӯхти ҳастаӣ танҳо дар чаҳорчӯби баёнияи Теҳрон сурат гирад.
XS
SM
MD
LG