Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон рӯзи театр таҷлил мешавад


7-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, баргузории маросими ҷашн дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт дар назар гирифта шудааст. Дар ин рӯз чандин намоишномаи театрӣ ҳам ба саҳна гузошта мешаванд, ки “Табиби зуракӣ”, “Нидо”-и Барзу Абдураззоқов, “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров дар таҳияи коргардон Баҳодур Миралибеков аз ҷумлаи инҳоянд. Театри касбии тоҷик ҳанӯз 81 сол пеш аз ин дар рӯзи 7-уми ноябри соли 1929 ташкил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG