Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Хати барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ моҳи май ба кор медарояд

Вазорати энерживу саноати Тоҷикистон ба хабаргузории "Авеста" гуфтааст, ки аз моҳи маи соли 2011 судури барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тавассути хати Сангтӯда-Пули Хумрӣ оғоз мешавад. Эҳдоси хати иниқоли барқ дар қаламрави Афғонистон дар поёни семоҳаи аввали соли 2011 анҷом меёбад. Бино ба гуфтаи вазорат, ҳоло ширкатҳои Ҳиндустон, ки дар қаламрави Афғонистон ба кашидани хати барқ машғуланд, корҳои худро суръат мебахшанд. Ба сабаби набуди суботи вазъ дар ин кишвар дар кори ширкатҳои ҳиндӣ таваққуф ба вуҷуд омадааст. Вазорат мегӯяд, дар қаламрави Тоҷикистон ҳамаи корҳо анҷом гирифтааст ва хати интиқоли барқ омодаи истифода аст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Низомиёни тоҷик истифодаи паҳбодро тамрин карданд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар як размоиши низомӣ аз паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесаршин васеъ истифода кардаанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст, ки размоиши низомии "Ҳамкорӣ-2026", “бо истифодаи васеи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин" дар шароити куҳсор баргузор гардид.

Ин размоиш аз 6 то 10 апрел дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"-и вилояти Хатлон гузашт ва дар он роҳҳои нобуд кардани гурӯҳҳои силоҳбадасти сарҳадшикан дар шароити куҳсор тамрин шудааст.

Дар гузориши расмии Вазорати мудофиа омадааст, дар ин тамрин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои маълум кардани макони душмани шартӣ ва "разведкаи ҳавоӣ" истифода шудаанд. Маълум нест, ки ин ҳавопаймоҳои бесарнишин аз кадом намуд ҳастанд.

Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар як амалиёт бар зидди қочоқбарони афғонистонӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода шудааст.

Гузоришҳо аз хариди ҳавопаймоҳои бесарнишин барои артиши Тоҷикистон солҳои гузашта низ садо дода буд, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Аз ҷумла, соли 2022 як мансабдори Қирғизистон гуфта буд, бо вуҷуди мухолифати ин кишвар, Туркия чанд ҳавопаймои бесарнишини "Байрақдор"-ро ба Тоҷикистон додааст.

Соли 2024 Тоҷикистон ва Туркия созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он Душанбе метавонад аз корхонаҳои Туркия таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои бесарнишин харидорӣ кунад.

Расонаҳои Эрон дар моҳи майи соли 2022 гузориш дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст. Ҳарчанд дар бораи ин корхона дигар ҳеч гоҳ маълумоте нашр нашуд.

Андози нав барои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Порлумони Тоҷикистон созишномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он минбаъд ҳангоми ворид кардани сӯзишворӣ ба кишвар молиёт ё андози нав ситонида мешавад.

Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ, минбаъд дар вақти овардани маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ ба Тоҷикистон, пардохти экологӣ бояд супорида шавад.

Ҳаҷми маблағи ин навъ молиёт маълум нест. Мақомот танҳо гуфтанд, ин маблағро воридкунандагони мол месупоранд.

Вале рӯшан нест, ки таъйини пардохти экологӣ барои сӯзишворӣ, то куҷо ба нархи ин маҳсулот таъсир мерасонад.

Феълан ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад.

Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

“Ба истироҳат рафта буд.” Таҳқиқи марги як духтари 23-сола дар Дарвоз

Рӯдхонаи Паткуноб. Акс аз бойгонӣ
Рӯдхонаи Паткуноб. Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги як духтари 23-сола дар ноҳияи Дарвоз шуруъ кардааст.

Дар ҳоле ки мақомот шарҳу ҷузъиёт намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ 14-уми апрел гуфт, “ҷасади Меҳрона Ноибоваро рӯзи 7-уми апрел аз соҳили рӯди Панҷ ёфтанд”.

“Вай 3-юми апрел барои истироҳат аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ноҳияи Дарвоз рафта, нопадид шуда буд,” – афзуд мусоҳиби мо.

Ба қавли ин манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ, ки номаш фош намешавад, Меҳрона Ноибова ҳамроҳи дӯстонаш, аз ҷумла ду маъмури Додситонии кул ба истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и Дарвоз рафта будааст.

Вай афзуд: “Кормандони додситонӣ ба тафтишот гуфтаанд, ки сари Меҳрона ҳангоми тамошои рӯдхонаи Паткуноб чарх зад ва сипас ба об афтод.”

Ҳанӯз хулосаи Додситонии кулли Тоҷикистон маълум нест.

Талоши мо барои ёфтани наздикони Меҳрона Ноибова то ин дам бенатиҷа буд.

Рӯдхонаи Паткуноб дар ноҳияи Дарвоз
Рӯдхонаи Паткуноб дар ноҳияи Дарвоз

"Чорчаман" истироҳатгоҳи маъруф дар ноҳияи Дарвоз аст. Ҷараёни рӯдхонаи Паткуноб дар ин ноҳия тез аст ва аз миёни истироҳатгоҳи “Чорчаман” гузашта, ба дарёи Панҷ мепайвандад.

200 зани зиндониро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд

Яке аз маҳбасҳои занона дар Русия
Яке аз маҳбасҳои занона дар Русия

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия мегӯяд, барои интиқоли 200 зани маҳбус аз Русия ба Тоҷикистон ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, посухи мусбат гирифтааст.

Дар ин бора Татяна Москалкова дар суҳбат ба хабаргузории давлати ТАСС хабар додааст.

Маскалова аз ин бештар ҷузъиёт надодааст ва маълум нест, ки дархости ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон кай ирсол шудааст? Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин замина чизе нагуфтаанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия гуфтааст, занони маҳбуси хориҷӣ дар зиндонҳои Русия ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд ва аз ҷумла наметавонанд саривақт хешовандони худро бинанд.

Омори занони маҳбус аз Тоҷикистон дар Русия дар манобеи боз дастрас нест.

Боздошти як мард ба гумони интиқоли 25 млн рубл аз Русия ба Душанбе

Маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Толмачевои шаҳри Новосибирск мардеро боздошт кардаанд, ки мехост зиёда аз 25 миллион рубл ё 313 ҳазор долларро ба шаҳри Душанбе биорад.

Мақомоти Русия аз ин фард ном набурда, танҳо гуфтаанд, ӯ шаҳрванди хориҷӣ ва 30-сола аст.

Ба иттилои Хадамоти гумруки Русия, ин нафар беш аз 25 миллион рублро дар шакли нақд дар ҷомадонаш ҷой дода, онҳоро дар эъломия ё декларатсия ворид накардааст.

Назари худи ӯ ба қазия маълум нест.

Гуфта мешавад, ки ин фард дар аввал интиқоли пули зиёдро рад карда, вале ҳангоми санҷиш онро эътироф кардааст.

Мақомоти Русия алайҳи ин шахс бо иттиҳоми қочоқи пули нақд ба миқдори калон, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Ба гумонзад ҷаримаи калон ё зиндон таҳдид мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон имсол 5500 коргари хориҷиро ҷалб мекунад

Яке аз корхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз корхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Тоҷикистон квотаро барои ҷалби нерӯи кории хориҷӣ дар соли 2026 тасдиқ карданд.

Бар асоси фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки Радиои Озодӣ 14-уми апрел дид, имсол 5500 хориҷӣ бояд барои кор ба Тоҷикистон оварда шаванд.

Аз ин шумор 3400 ҷой барои чиниҳо, 520 ҷой барои шаҳрвандони Афғонистон, 400 квота барои эрониҳо ва боқӣ барои кишварҳои дигар пешбинӣ шудааст.

Дар фармони президент омадааст, ки коргарони хориҷӣ аз ҳама бештар барои кор дар соҳаҳои саноат ва сохтмон ҷалб карда мешаванд.

Бар асоси ин санад, бештари хориҷиҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ба кор фаро гирифта мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои ҷалби коргарони хориҷӣ квота таъйин мекунад.

Ин дар ҳолест, ки солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.

Эътирози беш аз сад коргари чинӣ дар як шаҳри Русия

Парчами Чину Русия
Парчами Чину Русия

Гурӯҳе аз коргарони чинӣ бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи корашон дар шаҳри Комсомоли лаби Амури Русия даст ба эътироз заданд.

Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, беш аз сад коргари чинӣ рӯзи 12-уми апрел бо навиштаҳое бо забони русӣ ва чинӣ дар кӯчаҳои шаҳр раҳпаймоӣ карданд.

Онҳо дар муроҷиати худ аз президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари ширкати “Роснефт” Игор Сечин талаб кардаанд, ки ҳаққи корашон пардохт шавад.

Эътирозгарон гуфтанд, коргари ширкати "Петро-Хэхуа"-и ҳамкори “Роснефт” мебошанд. Дмитрий Заплутаев, шаҳрдори Комсомоли лаби Амур гуфт, мақсади эътирозгарон ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилашон буда, аз рӯи ин қазия додситонӣ санҷишро шуруъ намуд.

Эътирозгаронро боздошт накарданд.

Дертар ҳукумати вилояти Хабаровск гуфт, коргарон аз он норозӣ ҳастанд, ки корфармо бо онҳо қарордодро қатъ намуд. Мақомот гуфтанд, мушкил дар мӯҳлати иҷрои кор ва сифати он буд.

Дар айни замон "Роснефт" гуфт, ки ба ҳайси ширкати фармоишгар саривақт тамоми маблағро пардохт кардааст ва мушкили напардохтани маош дар масъулияти "Петро-Хэхуа" мебошад.

Намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо коргарони чинӣ ва раҳбарияти корхона гуфтушунид карда, барои ҳалли масъала Вазорати корҳои хориҷии Русия ва консулгарии генералии Чин ҷалб шудаанд. Раиси ширкати "Петро-Хэхуа" бо сабаби дар хориҷ аз Русия буданаш натавонистааст бо кормандон мулоқот кунад.

Мақомоти минтақа гуфтаанд, ки метавонанд аз ҳисоби худ ба кормандони чинӣ барои бозгашт ба ватанашон мусоидат кунанд, вале ин ҷараён бояд бо ташаббуси кордиҳанда ба роҳ монда шавад.

Соли 2021 ҳам коргарони чинӣ дар шаҳри Комсомоли лаби Амур як чунин эътирозеро бо далели пардохт нашудани маош баргузор карда буданд.

Оғози муҳосираи бандарҳои Эрон бо таҳдиди дигаре аз сӯйи Трамп

Соати даҳи 13-уми апрел ба вақти шарқии Иёлоти Муттаҳида (соати даҳи шаб ба вақти Тоҷикистон). Замонеро, ки Фармондеҳии Марказии Амрико ё СЕНТКОМ барои оғози муҳосираи бандарҳои Эрон дар атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз эълон карда буд, фаро расид.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 13-уми апрел дар шабакаи Truth Social таҳдид кард, ки "ҳар қаиқи таҳоҷумии тезрав аз тарафи Эрон ба хати муҳосираи мо наздик шавад, билофосила нобуд хоҳад шуд."

Ӯ дар паёми нави худ ишора кардааст, ки артиши Амрико барои ин кор аз ҳамон тарзе истифода хоҳад кард, ки алайҳи қочоқчиёни маводи мухаддир дар дарё истифода мекунад.

Раисҷумҳури Амрико паёми худро бо ишора ба нобудии комили нерӯи дарёии Эрон оғоз кардааст: "Нерӯи дарёии Эрон алъон дар қаъри дарё хобидааст – комилан нобуд шудааст – 158 киштӣ."

Вай сипас идома додааст, ки Амрико танҳо чизе, ки аз нерӯи дарёии Эрон ҳадаф нагирифта буд, "ҳамин қаиқҳои таҳоҷумии тезрав" аст, чун онҳоро таҳдиди бузурге дар назар нагирифтааст.

Ҳурмуз. Нуқтае, ки сарнавишти нафту гази ҷаҳон ҳал мешавад

Эрон дар охири моҳи феврал дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард. Ин оброҳа Халиҷи Форсро бо Халиҷи Умон ва бо Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Соҳили шимолӣ аз сӯи Эрон ва соҳили ҷанубӣ аз сӯи Умон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ назорат мешавад.

Нуқтаи бориктарини гузаргоҳ наздики 33 километр паҳнӣ дорад. Долонҳои киштигард аз ин ҳам бориктаранд. 2-3 километр дар ҳар кадом самт. Ҳар рӯз ба воситаи он то 20 миллион бушка ё 20 дарсад аз нафти ҷаҳон ва наздик ба 30 дарсад гази моеъ мегузарад.

Арабистони Саудӣ, Ироқ, Иморот ва Қатар аз содиркунандагони асосии нафту газ тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳастанд. Ин маҳсулот ба Чин, Ҳинд, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои аврупоӣ фиристода мешаванд.

Ба иттилои хадамоти бритониёии амнияти баҳрӣ, то миёнаи моҳи март ҳудуди 25 киштӣ зарар дидаанд ва ё ба онҳо ҳамла шудааст. Бисёре аз ширкатҳои соҳиби киштӣ гардишро дар танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ карданд. Созмони Милал мегӯяд, дар обҳои Халиҷи Форс ва дар наздикии тангаи Ҳурмуз даҳҳо киштӣ банд монда, ҳазорон маллоҳ мунтазири гузаштани бехатар аз оброҳаи ҷанҷолӣ ҳастанд.

Боздошти муовини пешини Қамчибек Тошиев

Даниэл Рисалиев
Даниэл Рисалиев

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Даниэл Рисалиев, муовини пешини раиси КДАМ ё Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро дастгир кардааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 13-уми апрел бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.

Ба иттилои манобеъ, маъмурони милиса ӯро дар вилояти Иссиқкӯл боздошт кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳанӯз шарҳе надодааст.

Ҳамзамон иттиҳоми зидди ӯ рӯшан нест.

Даниэл Рисалиев дар моҳи декабри соли 2025 муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон таъйин шуд. Вай раёсати Маркази ҳамоҳангсозӣ барои таъмини амнияти сайберӣ ё кибернетикиро бар уҳда дошт.

Пас аз 10-уми феврали имсол ва баъди барканории Қамчибек Тошиев аз мансаби раиси КДАМ-и Қирғизистон, муовинони ӯ, аз ҷумла Даниэл Рисалев низ аз мақомҳои худ ронда шуданд.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт, ба мухолифаташ ба ҷанг идома медиҳад

Поп Леои шонздаҳум
Поп Леои шонздаҳум

Леои шонздаҳум, поп ё раҳбари 1,4 миллиард католики ҷаҳон, гуфт, ба мухолифаташ ба ҷанг идома медиҳад.

Изҳороти ӯ дар вокуниш ба танқиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико садо дод.

Ӯ 13-уми апрел ҳангоми сафараш ба Алҷазоир дар мусоҳиба бо хабаргузории “Рейтерс” гуфт, “ман ба зидди ҷанг садо баланд хоҳам кард.”

“Имрӯз дар ҷаҳон одамони зиёд ранҷ мекашанд. Бисёре аз одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Ба назари ман, касе бояд бархезаду бигӯяд, ки роҳи беҳтаре ҳам ҳаст,” – афзуд раҳбари католикҳои ҷаҳон.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми апрел поп Леоро барои мавзеъгирии Ватикан дар мавриди ҷанг бо Эрон танқид карда, гуфт, попи Рум “бо кишваре бозӣ мекунад, ки мехоҳад силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.”

Попи Рум пештар ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро ба Эрон маҳкум карда буд.

Стармер ҳимояти Бритониёро аз муҳосираи бандарҳои Эрон рад кард

Кейр Стармер
Кейр Стармер

Нахуствазири Бритониё гуфт, кишвараш аз тасмими Амрико барои муҳосираи бандарҳои Эрон пуштибонӣ нахоҳад кард.

Кейр Стармер афзуд, тамаркузи онҳо бештар ба он равона шудааст, ки гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз “пурра боз” бошад.

Вай рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо радиои Би-би-сӣ гуфт, “муҳим аст, ки гулӯгоҳ комилан боз бошад ва ҳамаи талошҳои худро ба ҳамин равона кардаем ва минбаъд низ чунин хоҳем кард.”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, нерӯҳои кишвараш аз соати даҳи сездаҳуми апрел ба вақти шарқии Иёлоти Муттаҳида (соати даҳи шаб ба вақти Тоҷикистон) муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро оғоз мекунанд.

“Дигар миллатҳо низ дар ин самт кор мекунанд ва Эрон имкон нахоҳад дошт, ки нафт фурӯшад," – афзуд ӯ. Ба қавли Трамп, сарфи назар аз нокомии музокироти Амрикову Эрон дар Исломободи Покистон, оташбаси дуҳафтаина побарҷост.

Трамп гуфт, муҳосираи Ҳурмузро оғоз мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки раҳбарии амалиёт дар Ховари Миёнаро бар ӯҳда дорад, иброз доштааст, ки муҳосира танҳо ба киштиҳое дахл дорад, ки озими бандарҳои эронӣ ҳастанд ё аз бандарҳои Ҷумҳурии Исломӣ берун мешаванд.

Тибқи омори расмӣ, рӯзи шанбе се киштии саршор аз нафт гулӯгоҳи Ҳурмузро гзаштанд, вале рӯзи душанбе дар остонаи муҳосираи амрикоӣ ҳаракати киштиҳо дар ин гузаргоҳ мушоҳида намешуд.

Аз замони оғози низоъ дар Ховари Миёна, Эрон равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ намуда, сабабгори боло рафтани нархи нафт дар саросари олам шуд. Ҳамзамон Теҳрон эълон кардааст, ки барои гузаштан аз Ҳурмуз аз киштиҳо ҳақ хоҳад ситонд.

Гуфтушуниди миёни Амрико ва Эрон рӯзи 12-уми апрел дар Исломобод бе даст ёфтан ба созиш поён ёфт. Ҳайати амрикоӣ гуфт, ҷониби эронӣ баъзе аз шартҳои онҳоро напазируфтааст. Эрон мегӯяд, “дипломатия ҳеч вақт тамом намешавад”. Ҷониби Покистон аз тарафҳо хост, ба оташбас пойбанд бимонанд.

Амрико ба муҳосираи дарёии Эрон оғоз мекунад

Киштие дар наздикии Тангаи Ҳурмуз
Киштие дар наздикии Тангаи Ҳурмуз

Артиши Иёлоти Муттаҳида аз рӯзи душанбеи 13-уми апрел муҳосираи дарёии киштиҳоеро оғоз мекунад, ки ба самти бандарҳои Эрон мераванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд.

Фармондеҳи марказии Иёлоти Муттаҳида (СЕНТКОМ) эълон кард, ки муҳосираи киштиҳо аз соати 17:30 ба вақти Теҳрон оғоз мешавад.

Фармондеҳии марказии Амрико навиштааст, "ин муҳосира бидуни ҳеҷ табъиз (фарқгузорӣ)" нисбати ҳама киштиҳое татбиқ мешавад, ки вориди бандарҳои Эрон мешаванд ё аз онҷо хориҷ мешаванд.

Ин хабар дар ҳоле эълон мешавад, ки ахиран Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи ба натиҷа нарасидани музокирот бо Эрон, нерӯҳои баҳрии ИМА билофосила муҳосираи тангаи Ҳурмузро оғоз хоҳад кард.

Раисҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки ин кишвар минаҳои гузошташуда тавассути Эронро нобуд кунад ва афзуд, "ҳар эронӣ, ки ба тарафи мо ё ба самти киштиҳои ғайринизомӣ тирандозӣ кунад, нобуд хоҳад шуд". Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд.

Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар таърихи 28 феврал, Теҳрон равуо аз тариқи Тангаи Ҳурмузро амалан бастааст.

"15 ҳазор сомонӣ гирифт". Боздошти як афсар дар Суғд

Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод
Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Сатторзода А "барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват" ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Мақомот гуфтанд, ин афсар бо сӯистифода аз мақоми хизматиаш ин маблағро гирифта, "ба манфиати шахсиаш сарф намуд". Назари Сатторзода А. ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки ин афсар дар додгоҳ то куҷо ба гуноҳи худ иқрор кардааст.

Боздошти ин корманди комиссариат дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки масъули даъвати ҷавонон ба артиш ҳастанд, бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Трамп мегӯяд, дастури муҳосираи тангаи Ҳурмузро додааст

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12 апрел эълон кард, дар пайи ба натиҷа нарасидани музокирот бо Эрон, нерӯҳои баҳрии ИМА билофосила муҳосираи тангаи Ҳурмузро оғоз хоҳад кард.

Трамп бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии худ, Truth Social дар бораи гуфтугӯҳои рӯзи шанбе гуфт, танҳо мавзуе, ки аҳамият дошт, барномаи ҳастаии Эрон буд, ки мавриди созиш қарор нагирифт.

Раисҷумҳури Амрико афзуд, "аз ҳамин лаҳза, нерӯи баҳрии Амрико, ки дар ҷаҳон беҳтарин аст, раванди муҳосираи ҳамаи киштиҳоеро, ки талош мекунанд вориди тангаи Ҳурмуз шаванд ё аз он хориҷ шаванд, оғоз хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин бо радди молиёт гирифтани Эрон аз киштиҳо таъкид кард, ки ба як нерӯи баҳрии Амрико дастур додааст, "ҳар шиновареро дар обҳои байналмилалӣ, ки ба Эрон молиёт пардохт кардаанд, шиносоӣ ва мутаваққиф кунанд. Ҳар кас, ки чунин молиёти ғайриқонуние пардохт кунад, дар обҳои озод убури амн нахоҳад дошт".

Раисҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки ин кишвар минаҳои гузошташуда тавассути Эронро нобуд кунад ва афзуд, "ҳар эронӣ, ки ба тарафи мо ё ба самти киштиҳои ғайринизомӣ тирандозӣ кунад, нобуд хоҳад шуд".

Мақомоти Эрон то кунун ба ин изҳороти Трамп вокуниш нишон надодаанд.

Аммо Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон субҳи 12 апрел дар Исломобод, бо зикри инки "ин давр аз музокирот тӯлонитарин даври музокирот дар ин як сол буд ва дар маҷмуъ 24-25 соат давом кард", афзуд, "баъзе аз мавзӯъҳои нав мисли мавзуи тангаи Ҳурмуз дар ин музокирот илова шуд ва ин ҳар кадом печидагиҳои худро дорад".

Вай афзуд, "тамосҳо ва баррасиҳо байни Эрон, Покистон ва дигар дӯстонамон дар минтақа идома пайдо хоҳад кард".

Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон низ гуфт, ки "мо умедворем, ки ҳар ду тарафи амрикоӣ ва эронӣ ба оташбас пойбанд бимонанд". Ӯ афзуд, ки "мо ба талош барои фароҳам овардани робитаҳои нек байни ин ду тараф идома хоҳем дод".

Бӯҳрон дар Ховари Миёна рӯзи 28 феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дар ин ҳамлаҳо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии он кишвар Алии Лориҷонӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи ин кишвар кушта шуданд.

Эрон дар посух ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико ҳастанд ва низ Урдун ва Ироқ, ҳамлаҳо кард. Гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар минтақа, аз ҷумла, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман ва "Ҳашд Аш-Шаъбӣ"-и Ироқ низ вориди ин ҷанг шуданд.

Пас аз 40 рӯзи даргирӣ, рӯзи 8 апрел тарафҳо ба оташбаси дуҳафтаӣ розӣ шуданд ва аз омодагии худ барои иштирок дар нишасти Исломобод хабар доданд.

Садама дар як чорроҳаи марзии Исфара-Бодканд

Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар Исфара.
Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар Исфара.

Дар деҳаи Орто-Боз дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар чаҳорроҳаи маъруф ба Торт-Кочо (ё Чаҳор кӯча) садамаи нақлиёт рух додааст. Аз ин чаҳорроҳа роҳи Исфара-Ворухи Тоҷикистон ва Бодканд-Лайлаки Қирғизистон убур мекунад.

Ба иттилои пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон, ин ҳодиса бегоҳии 9 апрел сар задааст. Мошини боркаши навъи “Volo”, соҳибаш шаҳрванди Қирғизистон бо мошини “Mercedes-Benz Sprinter”, соҳибаш шаҳрванди Тоҷикистон бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама “Mercedes-Benz Sprinter” ба мошини навъи “Changan” бархӯрдааст, ки низ ба шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад. Пулиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон гуфтааст, сарфи назар аз садамаи якбора се мошин, касе осеби ҷиддӣ надидааст. Ҳар се мошин зарари моддӣ бардоштааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ба аломатгузории марз ва сохтани роҳҳои алтернативӣ идома медиҳанд. Ба иттилои мақомоти ду кишвар, баъд аз анҷоми аломатгузориву сохтани роҳҳои нав, шаҳрвандони ду кишвар ба ҳудуди якдигар ворид нахоҳанд шуд.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG