Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси падарону фарзандон бар сари ҷои кор


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим аз роҳбарони идораву муассисисаҳо тақозо кардааст, бознишастагонеро, ки ҳанӯз кор мекунанд, ҳар чи зудтар ба нафақа гусел кунанд. Интизор меравад, ки наздик ба 700 шахси бознишаста, ҷойҳои кориро барои кадрҳои ҷавон холӣ намоянд.

Раиси вилоят дар мавриди ба истилоҳ, «пеш гузоштани кафши бознишастагон » ҳанӯз қариб як сол қабл дастур дода ба баҳси байни кадрҳои «кӯҳна» ва «нав» ва ё бо ибораи дигар, падарон ва фарзандон ибтидо гузошта буд.

Падарон рафтан намехоҳанд…

Аммо ба назар мерасад, ки падарон ба осонӣ ҷояшонро ба фарзандон доданӣ нестанд. Ба гуфтаи як бознишаста, онҳо солиёни зиёд ва бо музди кам барои ҳукумат обу арақ рехтанд, аммо айни ҳол бо каме беҳтар шудани вазъият, мақомот онҳоро чун унсури нолозим ба кӯча меандозанд.

Ба гуфтаи вай, ҷавонон қуввати бозу ва имконияти муҳоҷирату кор кардан дар дигар кишварҳоро доранд. Аммо дар шароити сахти иқтисодӣ ва бо нафақапулии ночиз, маҳрум шудан аз манбаъи давромади иловагӣ барои бознишастагон маънои ба чанголи нодорӣ супурдани онҳоро дорад.

Ба иттилоъи идораи шуғли аҳолии вилоят, дар Бадахшон бештар аз 24 ҳазор кас нафақа мегиранд. Аммо музди миёнаи нафақа 140 сомониро ташкил медиҳад.

Бознишастагон кӯшиши мақомот барои ҳалли мушкилоти таъмини ҷавонон бо корро аз ҳисоби танг намудани имконоти як гурӯҳи иҷтимоии дигар, ғайримунсифона мешуморанд ва мегӯянд, ки онҳо барои аз даст надодани ҷои корашон то охир талош меварзанд.

Ба фикри Гулмирзо Соҳибназаров, як нафақахӯри сокини Хоруғ, мақомот ба ҷои ба таври иҷбори ба нафақа гусел намудани нафақахӯрон, бояд дар фикри фаъолсозӣ ва таъсиси корхонаҳои нав шавад, то мардум имконияти бештари интихоби ҷои кор пайдо кунанд.

Вале фарзандон кор мехоҳанд…

Аммо ба гуфтаи Сураҷ Чоршанбиев, як ҷавони сокини Хоруғ дар ҳоле, ки кӯча аз ҷавонони бекор, вале дипломдор пур аст , талош варзидани бознишастагон барои аз даст надодани ҷойи кор аз адами таваҷҷуҳи падарон ба мушкилоти иҷтимоии фарзандонашон дарак медиҳад.

Ба гуфтаи вай, дар идораву муассисаҳо одатан он афроди бознишастае кор мекунанд, ки шароити хубтари иҷтимоӣ доранд ва аз пуштибонии роҳбарони ин ниҳодҳо бархӯрдор ҳастанд. Вай афзуд, барои бархе аз ин нафарон, кор ба манбаи даромади иловагии хубе табдил шудааст, аммо онҳо дарк намекунанд, ки барои мутахассиси ҷавон бекор будан ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам иқтисодӣ чи гуна гарон ҳаст.

Як ҷавони дигар афзуд, вай борҳо шоҳид гардидааст, ки коллективҳои меҳнатӣ афродеро бо тантана ва бо тақдими тӯҳфаҳо ба нафақа гусел карданд, вале пас аз чанд муддат, ин афрод боз ба идораву муассиса баргашта фаъолияташонро идома додаанд, зеро аз манофеъи молӣ ва маънавии иловагӣ маҳрум шудан намехоҳанд. Ба гуфтаи вай, дар чунин ҳол тадобири иҷборӣ ягона роҳи ҳалли баҳси байни мутахасисони ҷавонон ва солмандон аст.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳияи Шуғнон як корманди 79 соларо ба ҷойи кораш барқарор кардааст. Масъулини идораву муассисаҳо мегӯянд, ки бинобар надоштани воҳиди кории ҳуқуқшинос, ба рондани бознишастагон ҷуръат намекунанд, зеро аз мурофиаҳои тӯлонии додгоҳӣ ва ҳал нагардидани баҳс ба фоидаашон ҳарос доранд.

Ба фикри бархеи дигар, кормандони солманд бинобар таҷоруби зиёд доштан ва дар қиёс бо кадрҳои ҷавон фармонбардор будан таваҷҷуҳ ҷалб намуда, масъулини муассисот ба озод намуданашон аз кор манфиатдор намебошанд.

Мушкилоти ношӣ аз заминаҳои иҷтимоӣ

Коршиносон идомаи баҳс байни падарон ва фарзандон бар сари ҷойи корро аз мушкилоте мешуморанд, ки дар заминаҳои иҷтимоӣ зуҳур кардааст. Ба гуфтаи Рустами Содиқиён, агар бознишастагон нафақаи шоиста мегирифтанд, пас аз сини нафақа ба кор ниёз ҳам надоштанд.

Вай афзуд, ки дар баъзе ҳолатҳо, муносибати кормандон бо ҳамкорони бознишастаашон хуб нест ва онҳо мавриди тамасхур ҳам қарор мегиранд, аммо нафақахӯрон ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ маҷбур ҳастанд, ки чунин мунсибатро таҳаммул кунанд.

Аммо як мутахассиси ҷавон бо норизоияти аз ин фикр, ки бознишастагон ба манзури ниёзҳои шадиди иҷтимоӣ аз ҷойи корашон ҷудо шудани нестанд, гуфт, магар онҳое, ки президенти якумра мондан мехоҳанд муфлис ҳастанд ва ё пул надоранд?

Ба фикри вай аз даст надодани мақом ва даромади муфт барои бархе аз афрод ба бемории муолиҷанашаванда табдил шудааст ва онҳо то имконият ва зӯри охирин курсиро, ба вижа агар он якто ва ё ангуштшумор бошанд, аз чанг раҳо нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG