Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фараж" дар меҳмонии “Факты и коментарии"


Ҳафтаномаи “Фараж”, ки се ҳафта боз наметавонист рӯйи чоп ояд, ин ҳафта дар дохили нашрияи “Факты и коментарии” ба теъдоди 4 ҳазор нусха ва дар ҳаҷми 8 саҳифа ба табъ расидааст. Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, мегӯяд мудири хабаргузории “Авесто” талош кардааст, то "Фараж" дар дохили нашрияи“Факты и комментарии” чоп шавад.

"Фараж" дар дохили ҳафтаномаи мазкури зери унвони “Нашрия дар меҳмонии нашрия” ба нашр расидааст.

"Фараж” ба дасти хонандагон расид

Тақрибан як моҳ мешавад, ки чопхонаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон ҳафтаномаҳои мустақили “Фараж”, “Пайкон”ва “Нигоҳ”-ро бо баҳонаи мушкили фаннӣ чоп намекунанд.

Созмонҳои хабарнигорӣ ва ҳомии матбуоти дохиливу байналмилалӣ “дари баста”-и чопхонаҳо ба рӯи се нашрияи мустақилро монеае медонанд, ки мақомоти давлатӣ барояшон эҷод кардаанд.

Аммо мақомот мегӯянд дар чоп нашудани нашрияҳо даст надоранд ва ин ҳаққи чопхонаҳост, ки кадоме аз нашрияҳоро ба чоп мерасонанду кадомеро на.

Ахиран сафирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла сафири Амрико дар Тоҷикистон низ аз ин вазъи пешомада барои нашрияҳои мустақил дар кишвар изҳори ташвиш карда, ба унвони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нома навиштанд, то вазъиятро беҳбуд бахшад. Вале гуфта мешавад, то ҳанӯз мақомот ба ин номаи сафирон посухе расмӣ ва ҳамин тавр вазъиятро тавзеҳ надодаанд.

Талош барои бақо

Дар сӯҳбате, ки бо Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” доштем аз ӯ пурсидем, ки оё дар чопи ин шумораи ҳафтаномааш бо чопхона мушкил ё ихтилофи назар надошт?

Хуршеди Атовулло: Аз он хотир, ки “Фараж” меҳмони “Факты и комментарии” буду дар дохили он ба чоп расид ва ман ҳангоми чопи нашрия ҳузур надоштам, беҳтар мебуд, ки ин савол ба Зафар Абдуллоев дода шавад. Лекин аз рӯйи он, ки Абдуллоев аз соати 7-и рӯзи сешанбе то 3-и баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе барои чопи “Фараж” талош кард, метавон гуфт, ки кори осон набуд.
Баъдан, баъзе тағйироте, ки дар макет ва дар мақолаҳо буданд, низ гувоҳи онанд, ки “Фараж” ба ин осониҳо меҳмони “Факты и комментарии” нашудааст.

Озодӣ: Оё ҳафтаҳои оянда низ нашрияи шумо дар ҳамин шакл ба табъ хоҳад расид ё нақшаи дигаре доред?

Хуршед Атовулло: Аз аввал гуфта будам, ки ҳоло вазъияти соли 2004 нест. Ва ин бори аввал ҳам нест, ки рӯзномае, ки ман дар он кор мекунам ва ё ман масъулаш ҳастам чопи онро манъ мекунанд ва ё шумораҳояшро оташ мезананд. Ба ин чиз одат кардаам. Ҳафтаи оянда агар кадоме аз нашрияҳои Тоҷикистон “Фараж”-ро меҳмони худ накунанд, бори дигар ба чопхонаҳо муроҷиат мекунем. Агар чопхонаҳо радд кунанд, мо дар шакли коғазӣ “Фараж”-ро чоп мекунем. Фикр мекунам, хонанда ба он, ки ҳафтаномаи мо чи рангу шакл дорад, нигоҳ намекунад. Дар кадом шакле набошад, онро мекобаду меёбаду мехонад.

Озодӣ: Вале мешавад гуфт, ки “Фараж” барои он, ки рӯи чоп ояд, мавқеи пешинаашро тағйир дода бошад?

Хуршеди Атовулло: Не. Ҳамон тавре, ки дар шумораҳои пешин буд, “Фараж” боз ҳам аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя кардааст. Барои мисол, мавзӯи асосии ин ҳафтаи нашрияи мо баста шудани дидбонгоҳи Ҷартеппа аст, ки метавонад модаршаҳрҳои тоҷиконро аз Тоҷикистон ҷудо кунад.

Ва маводи дигари мо дар мавриди Юрий Лужков, собиқ шаҳрдори Маскав аст, ки солиёни сол дар сари қудрат буд ва фикр дошт, ки аз сари қудрат намеравад. Зерсарлавҳаи “Фараж” ҳам ба ин маънист, ки вазироне ҳастанд, ки аз оғози ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар сари қудратанд ва фикр доранд, ки абадзиндаанд. Аммо сарнавишти Лужков нишон дод, ки онҳо абадзинда нестанд
XS
SM
MD
LG